Рӯзи гузашта раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов дар курси кӯтоҳмуддати назди шӯъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо номи “Зан – роҳбар” ширкат варзида, дар мавзӯи “ҲХДТ-ҳизби ормонҳои халқ” баромад намуд. Аз ҷумла қайд гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи Иҷлосияи тақдирсози ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Маҳз дар ҳамин иҷлосия сиёсатмадориву хирадмандӣ, дурандешиву нексириштӣ ва фарҳангсолориву таҳаммулпазирии халқамон падидор шуд, ҷавҳари ғояҳои давлатдории навини тоҷикон ташаккул ёфт ва минбаъд зимни таъмини сулҳу ваҳдат, бо кӯшишу ҷонбозиҳои фарзандони фарзонаи миллат бо тарҳи замонавию миллӣ ҷилвагар гардид ва имрӯз мо кишвари азизамонро дар қатори давлатҳои абарқудрат ҳамчун субъекти баробарҳуқуқи муносибатҳои байналхалқӣ мебинем. Зиёда аз бист сол аст, ки дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун ҳизби созандаву пешбаранда назаррас мебошад. Ба туфайли саъю талошҳои созандаи ҳизб дар мамлакат пойдевори мустаҳками рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, демократия гузошта шуда, барои ба сафи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ворид гаштани Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам гардид. Истиқлолият ва ваҳдат, бешубҳа, ба ҳайси неъматҳои бебаҳои таърих ва дастоварди бузурги сиёсиву маънавӣ дар таърихи тоҷикон эътироф шудаанд. Зеро баъди ҳазор соли давлатдорӣ таърих неъмати бебаҳои соҳибистиқлолиро ҳадя намуда, давлати навини Тоҷикистонро рӯи харитаи сиёсии олам падидор намуд. Истиқлолият барои мардуми кишвар озодии сиёсӣ, имконияти озоди интихоби роҳи тараққиёт, шароити мусоиди рушду инкишофи ҳама соҳаро фароҳам овард. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз моҳи феврали соли 1996 ҳамбастагии ваҳдат ва истиқлолиятро таъкид намуда, ёдовар шуда буданд, ки ин ду мафҳум, яъне истиқлолият ва ваҳдат бе якдигар вуҷуд дошта наметавонанд. Ба ин маънӣ, ваҳдат ҳамчун дастоварди бузурги миллат пеш аз ҳама низои сиёсиро барҳам дод, мардумро муттаҳид намуд, халқи тоҷикро аз хавфи нобудшавӣ эмин дошт. Таҷрибаи давлатҳои пешқадам собит сохтааст, ки яке аз омилҳои муҳими пешрафти ҷомеа мавҷудияти нерӯи сиёсии солиму созанда маҳсуб мегардад. Ин нерӯи сиёсӣ бояд қабл аз ҳама манфиати аксарияти ҷомеаро ифода кунад, мардумро ба мақсадҳои олии созанда сафарбар карда тавонад. Дар ҳама маврид, аз ҷумла дар лаҳзаҳои барои мардум тақдирсоз якпорчагии кишвар ва ваҳдати ҳамагониро таъмин намояд. Ҳамчунин, ин нерӯ бояд инъикосгари андешаи солим, пушту паноҳи арзишҳои миллӣ, ифодагари афкори пешқадами ҷомеаи ҷаҳонӣ бошад. Роҳбаладии чунин нерӯро шахсияти ҷисман ва маънаван тавоно, ҳамдаму ҳамнафаси мардум, инъикосгари манфиати ҳамаи табақаҳои ҷомеа, баёнгари орзую ормонҳои таърихии мардум дар ўҳда дошта бошад. Бешубҳа, ба ҳайси ин нерўи созанда дар ҷомеаи имрӯзаи мо – Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҷаноби Олӣ ҳамчун Сарвари хирадсолор, муаззам ва пешвои маҳбуби мардум эътироф шудаанд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташкилоти ҷамъиятии сиёсӣ буда, бо роҳи иштирок дар ҳаёти сиёсии ҷомеа барои таҳкими давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона, инчунин рушди устувори иқтисодӣ ва таъмини зиндагии осоиштаи мардум фаъолият менамояд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 21 сол муқаддам - дар марҳилаи аввали таъсисёбии ҳизб иброз дошта буданд, ки мақсади асосӣ аз созмон додани он муттаҳид кардани нерӯҳои пешқадам ва тавонои ҷумҳурӣ аст, ки барои барпо намудани давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ҷомеаи аз ҷиҳати иқтисодиву иҷтимоӣ мутараққӣ талош меварзад. Ҳизб ба ин рисолати наҷиб садоқатмандӣ зоҳир карда, фаъолияти худро ба таъмини ваҳдат, тарбияи ҷомеа дар рӯҳияи дўстиву рафоқат, сафарбар намудани мардум ба корҳои созандагию ободонӣ равона кард. Ҳизб ҳамчун нерӯи ташаккулдиҳандаи афкори меҳнатдӯстӣ, равона намудани ҷомеа ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ нақши мондагор дорад. Ҳифзи арзишҳои маънавӣ ва эҳёи ҳофизаи таърихӣ, тақвияти ҳисси худшиносиву худогохии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварии мардум, баланд бардоштани сатҳи маънавиёт, рушди илму фарҳанг ва одоб аз рисолатҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсуб мешаванд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар рушди низоми қонунгузории кишвар, таҳкими рукнҳои давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳифзи сулҳу суббот ва амнияти иқтисодии кишвар низоми ҳуқуқии давлатро дар доираи сиёсати созанда ва ҷавобгӯ ба манфиатҳои мардуми кишвар ва давлати Тоҷикистон вусъат дода истодааст. Ҳамзамон бо мақсади иҷрои вазифаҳои рушди низоми қонунгузории кишвар дар чаҳорчӯби ислоҳоти демократӣ ва ҳуқуқӣ вобаста ба манфиати шаҳрвандони мамлакат, арзишҳои миллӣ ва байналмиллиро ба ҳисоб гирифта, ҳадаф ва мақсади он эътирофи арзиши олӣ доштани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон мебошад. Зимнан, ҳизб мазмун, мӯҳтаво ва мақсади ҳама гуна ислоҳоти ҳуқуқӣ ва раванди қонунгузориро барои таъмин ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон муҳим мешуморад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон татбиқи сиёсати давлат дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, тарғиби Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи худ мешуморад. Ҳизб дар фаъолияти худ бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ба фазилатҳои баланди сиёсӣ, сифатҳои наҷиби ахлоқӣ ва маърифати пурсамари маънавии аъзояш такя намуда, кӯшишу ғайрат ва донишу идроки онҳоро барои мустаҳкам намудани истиқлолияти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар менамояд. Ҳизб дар доираи Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байнлмиллалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, инчунин Оиннома ва Барномаи худ амал мекунад. Имрӯз ҳизб ба ислоҳоти соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ, тартиботи ҷамъиятӣ эътибор дода, барои татбиқи муваффақонаи барномаҳои бахшҳои мазкур саҳми муносиб мегузорад. Воқеан ҳам, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар давоми фаъолияти худ таҳти роҳбарӣ ва роҳнамоии сарвари хирадманд, ҳомии маҳбуби халқу Ватан, пешвои шинохташудаи асри ХХ1, Президенти мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаи нав қадамҳои устувор мегузорад. Аз ин лиҳоз, ифтихори аъзои чунин ҳизб будан аз мо масъулият ва созандагии ҳамешагиро тақозо мекунад. Мо – ҳизбиён тарғибу ташвиқи дастовардҳои ҳизбу ҳукуматро вазифаи асосии хеш меҳисобем. Бояд мардумро ба он ҳидоят намоем, ки аз сиёсати созандаю сулҳофариро ҷонибдорӣ карда, барои амалӣ сохтани онҳо саҳми муносиб гузоранд. Вазифаи ҳар яки мо - ҳизбиён аз он иборат аст, ки ба ҳайси аъзои яке аз барандагони андешаи пешқадами ҷаҳонӣ ва муҳофизи арзишҳои арзандаи ниёгон нисбати ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, осори гаронбаҳои адабиёт ва санъати классикии тоҷик ҳамарўза саъю талош варзем, тарғиби ин арзишҳоро дар байни мардум боз ҳам тақвият бахшем, ҷиҳати тарғиби арзишҳои демократӣ, озодӣ бояд тибқи анъанаҳои миллии худ ва дар заминаи манфиатҳои миллӣ кору пайкор намоем. Вокуниши устувор ба андешаҳои ғаразноку таҳрибкори сиёсӣ, ҳизбҳои ифротгаро, пешгирии маҳдудкунии ифодаи андешаҳои озоду солим, тарғиби ташаббускории мардум аз вазифаҳои дигарест, ки ҳар яки мо – аъзои ҳизб дар кори татбиқи онҳо бояд монда нашуда саъю талош варзем.