Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи тақдирсози 16- уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва ташкилоти  ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан» -и шаҳри Хуҷанд  аксия таҳти унвони «Президенти ман – ифтихори ман» доир гардид. Беш аз 50 нафар ҷавонони фаъол дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр бо тақсими 6 ҳазор варақаҳои даъвати  хизматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ёдовар шуданд. Боиси зикр аст, ки шаҳрвандону меҳмонони шаҳр ин иқдоми ҷавононро хуш истиқбол намуда, бо шукрона аз тинҷиву ободӣ ба Роҳбари муаззами миллат барои фароҳам овардани зиндагии шоиста изҳори миннатдорӣ намуданд.

Воқеан ҳам мардуми сулҳпарвару адолатхоҳи кишвар хизматҳои бузургу шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Асосгузори Тоҷикистони мустақил, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамарӯзу ҳамасоат мебинад, мушоҳида мекунад ва ба номи шарифу аъмоли мондагораш арҷ мегузорад. Зеро он миллате босаодат ва пирӯз аст, ки сарвараш оқилу хирадманд ва тӯдакашу соҳибфазилат  бошад. Хушбахтона,  миллати тоҷик дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамин хислати олиҳимматӣ ва накӯпешагиро мебинад.