Дар асоси нақшаи чорабинӣ ва бо даъвати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дастаи Медиапортали «Тироз» бо ҳадафи инъикоси фаврии тантанаҳои таҷлили бошукӯҳи Рӯзи шаҳри Хуҷанд дар идгоҳи асосӣ — Маҷмааи таърихии фарҳангии «Истиқлол» қарор дорад. Ин маҷмааъ чанде қабл бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуда буд ва тӯҳфаи хубу арзандае шуд барои сокинон ва меҳмонони шаҳр дар рӯзҳои таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бояд гуфт, ки имсол маротибаи дуюм аст, ки шаҳрвандон ва меҳмонони Хуҷанди бостону ҳамешаҷавон Рӯзи шаҳри Хуҷандро ҷашн мегиранд. Зеро, ҳанӯз 24-уми сентябри соли 2014 Маҷлиси вакилони халқи шаҳр нишони шаҳрро тасдиқ намуда, 25-уми сентябрро ҳамчун Рӯзи шаҳри Хуҷанд эълон намуда буд.

Идгоҳ ба назар хеле зебо ва назаррабо мерасад ва оҳиста-оҳиста сокинон ва меҳмонон барои тамошои барномаи музайяни фарҳангию фароғатӣ ҷамъ мешаванд.

Интизорӣ меравад, ки дар ин чорабинӣ меҳмонон аз тамоми манотиқи кишвар ва бародаршаҳрҳои Хуҷанд иштирок намоянд.