Дар асоси баромадҳо, супоришҳои Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи Марказию Вилоятии ҲХДТ бо мақсади боз ҳам мустаҳкам намудани сохторҳои ҳизб, ояндабинӣ дар фаъолияти ҳамаҷонибаи он ва барои муайян намудани сифатҳои кордонию шахсӣ, натиҷаҳои иҷрои вазифаҳои ҳизбӣ, бо мақсади такмили фаъолият, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, таъмини мувофиқати онҳо ба мансаби ишғолнамуда, беҳдошти сифат ва самаранокӣ раисони ташкилотҳои ибтидоии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд аз аттетсатсия гузаронида шуда истодаанд. Аз ҷониби комиссияи аттестатсионии КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд санаи 27-уми июл 8 нафар масъулини ташкилотҳои ибтидоӣ аз аттестасия гузаронида шуданд.