Шуруъ аз соли 2009, санаи 5 октябр чун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қатори ҷашнҳои кишварамон ворид гардида, ҳамасола ҳамчун ҷашни умумиллӣ дар  саросари мамлакат таҷлил карда мешавад.

Ба ин муносибат дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо иштироки узви Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ Гулноз, шоираи ширинкалом Дилором ва устодону шогирдони ин боргоҳи маърифат чорабинии тантанавӣ доир карда шуд.

Мудири кафедраи забони тоҷикӣ ва ҷомеашиносӣ Зафар Раҳмонов чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз ҷумла зикр дошт, ки забони тоҷикӣ – забони миллати бостонии тоҷикон буда, таърихи бисёрҳазорсола дорад ва дар радифи забонҳои қадимаи ҷаҳон қарор дорад. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” омадааст: “Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ мебошад”. Ин нукта ҳар як шаҳрванди кишварро водор месозад, ки забони тоҷикиро ба хубӣ донад ва озодона ба он такя намудаву фаъолият барад.

Масъалаи бо забони тоҷикӣ сурат гирифтани коргузорӣ дар ҳудуди кишвар  тақозо менамояд, ки забони тоҷикиро хуб донем. Ба таври зарурӣ донистани забон маданияти умумии омӯзандагонро баланд бардошта, сабаби рушди фаъолияти маънавии онҳо мегардад. Донистан ва омӯхтани забони тоҷикӣ дар ҳамаи соҳаҳои фаъолияти касбӣ аз рукнҳои асосию муҳими айём ҳисоб меёбад.

Соҳае нест, ки дар он забони давлатӣ истифода нашавад. Пас, равшан мегардад, ки забони тоҷикӣ танҳо фанни таълимӣ набуда, ҳамзамон воситаи муҳими таълим низ мебошад. Яке аз хусусиятҳои махсуси забон он аст, ки ба воситаи он фанҳои дигар низ омӯхта мешаванд.

Инчунин, вобаста ба ҷараёни дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз санаи 5 октябри соли 2009, таҳти №553 ва тибқи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ” аз 4 октябри соли 2011, таҳти №458 ҳар як фарди тоҷикзабон, аз ҷумла омӯзгоронро зарур аст, ки қоидаҳои имлои забони тоҷикиро омӯхта, ба он риоя созанд ва дар таълими фанҳои тахассусӣ такя ба он намудаву машғулиятҳои таълимиро гузаронанд, яъне омӯзгорон дар таълим бештар ба ҷиҳати амалии забон таваҷҷуҳ зоҳир намоянд. Ҳангоми баргузории фанҳои таълимӣ робитаи байни фанҳоро бо фанни забони давлатӣ дар назар доштан омили муҳими пешравии фаъолияти ҳамарӯза аст.

         Дар донишкадаи мо низ ҷиҳати эҳтироми ба забони тоҷикӣ корҳои муайяне анҷом дода шудааст. Аз ҷумла, устодони кафедраи барномасозии донишкада таҳти роҳнамоии Академик Зафар Ҷӯраевич Усмонов барномаи таҳриргари матни тоҷикӣ, луғати электронии сезабонаи тоҷикӣ-русӣ-англисӣ, тарҷумонҳои компютерӣ ва тафтишоти орофографии электрониро дар амал ҷорӣ намуданд. Ҳамчунин бо заҳмати ин олимон ҳуруфоти тоҷикӣ дар забони Майкрософт Виндовс роҳандозӣ карда шудааст.

Устодони донишкада ҳар як дарси худ самаранок истифода мебаранд. Бесабаб нест, ки тайи панҷ соли охир се маротиба шогирдони донишкада дар олимпиадаи ҷумҳурииявӣ аз фанни забони тоҷикӣ ҷойҳои якуму дуюмро гирифтаанд. Алҳол мо кӯшиш намуда истодаем, ки бо вуҷуди душвор будан фанҳои техникиро ба забони тоҷикӣ гузарем. Гузашта аз ин дастурамалҳо ва китобҳои дарсиро бо забони тоҷикӣ таълиф намуда, дар худи матбааи донишкада нашр намоем.

Боварии комил дорам, ки устодону шогирдони донишкада забони тоҷикиро, ки ҳастии миллат низ ҳаст қадр намуда, барои тозагии он кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Устоди донишкада Шафоат Файзиева  ҳозиринро бо мӯҳтавои китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Забони миллат- ҳастии миллат” ошно намуд.

Шоираҳо Гулноз ва Дилором дар бораи қадри сухан ва рисолати забон дар ҷомеа сухан ронда, таъкид доштанд, ки дар қатори чор унсури  неъмати табиат – об, хок, офтоб ва оташ забон низ дар зиндагии ҳаррӯзаи мо ҷойгоҳи худро дорад. Зеро бо забон муошират мекунем ва зиндагии хешро пеш мебарем. Хуб аст, ки дар мақоми давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қадру манзалати забон арҷ гузошта мешавад.

Ба ғолибони озмуни “Ҳафтаи забони тоҷикӣ”, ки аз бахшҳои “Хониши ифоданок”, “Донишҷӯи босаводтарин” ва “Байтбарак” аз ҷониби Раёсати донишкада тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Дар қисмати адабиву фарҳангӣ донишҷӯён дар васфи Ватан ва забон шеъру суруд хонда, хотири аҳли нишастро шод намуданд.

 

Абдусабури Абдуваҳҳоб, котиби матбуотии ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд