Таҳти унвони “Тарбияи дуруст вазифаи мост” мудири шуъбаи занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Заррина Раҳмон ва  мудири шуъбаи занони кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд Маҳлиёхон Ишанова  аз рӯйи нақшаи корӣ дар ташкилоти ибтидоии “Хизматрасонии  иҷтимоӣ дар хона” бо занҳои фаъол, намояндаҳои кумитаи маҳаллаҳо мулоқот гузарониданд.

Мулоқоти мазкур оиди масъалаҳои даъвати хизмати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоқикистон “ Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” бахшида шуда, бо занон суҳбати ошкоро барпо намуданд.

Тарғиботчиён қайд намуданд, ки маҳз мо занон барои тарбияи фарзандон  роли муҳимро мебозем. Онҳоро тавре тарбия кунем, ки барои ояндаи худ ва ҷамъият шахсони обрӯманду созанда ва ободкору меҳанпараст ба камол расанд. Инчунин дар тӯю маъракаҳо имрӯзҳо қонунвайронкуниҳо низ бисёртар аз тарафи занон ба назар меарасад, ки мо бояд онро риоя кунем. Ба ҳамдигар таъсуб карда, бо қарз маъракаи туйи фарзандонамонро нагузаронем. Бигзор пеш аз ҳама дар таълиму тарбия ва донишандӯзии онҳо аҳамияти аввалиндараҷа диҳем.

Занон низ перомуни масъалаҳои зикргардида, андешаронӣ намуда,  ваъда доданд, ки  барои пешгирӣ намудани он дар маҳаллаҳо корҳо фаҳмондадиҳиро  ҷоннок мекунанд.