Дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд мулоқоти номзадоне, ки ба вакилии маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд дар ҳавзаи интихоботии «Бофанда» №2 ба қайд гирифта шуда буданд, баргузор гардид.

Кимё Исматова, раиси ҳавзаи интихоботии «Бофанда» №2 вохӯриро оғоз намуда, иттилоъ дод, ки дар ҳавзаи мазкур ду нафар номзадон барои вакилии маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд сабти ном гардидаанд ва оғозан аз имрӯз бо интихобкунандагони хеш силсилаи мулоқотҳоро анҷом мебахшанд.

Сипас, Мӯъмин Шарифзода, ректори ДДҲБСТ, шахси бовариноки номзад ба вакилии маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба сухан баромада, тарҷумаи ҳол ва барномаи пеш азинтихоботии мавсуфро муаррифӣ намуд. Зикр гардид, ки ҳадафи аслӣ ва маҳаки асосии барномаи Маъруф Муҳаммадзодаро ободу хуррам гардонии ҳудуди ҳавза, бунёду коргоҳҳои истеҳсолӣ, шароити мусоид фароҳам овардан ҷиҳати фаъолияти соҳибкории хурду миёна, беҳбуд бахшидан ба вазъи иҷтимоии сокинон ва ғайраҳо ташкил медиҳад.

Номзад ба вакилии маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии «Бофанда» №2 Маъруф Муҳаммадзода, Раиси шаҳри Хуҷанд баромад намуда, нахуст миннатдориашро ба фаъолону аъзоёни кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд барои пешниҳод ба номзадии вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии «Бофанда», №2 ва барои дастгирӣ ба сокинони маҳаллаҳои «Бофанда», «Шарқ», «Тути калон», «Хуҷанд», «Чорчароғ», «Содирхон Ҳофиз» расонида, роҷеъ ба ҳадаф ва нақшаҳои минбаъдаи хешро дар сурати интихоб шудан ба ҳайси вакил манзури иштирокдорони мулоқот гардонид. Таъкид гардид, ки ҳавзаи интихоботии «Бофанда» №2 аз калонтарин ҳавзаҳои интихоботии шаҳр маҳсуб шуда, дар ҳудуди он маҳаллаҳои бузургтарини шаҳр ҷойгир ҳастанд. Гузашта аз ин, ҳавза дар даромадгоҳи шаҳр воқеъ аст ва сокинони он дар муаррифии фарҳанг, одат ва расму русуми хуҷандиён хизмати шоиста ба ҷо меоранд. Воқеан ҳам бояд эътироф кард, ки саҳми маҳаллаҳои дар боло зикршуда дар ободию хуррамии шаҳр хеле муассир буда, симои зоҳирӣ ва зебоии шаҳр маҳз аз меҳнати бунёдкоронаи хурду бузурги ҳавзаи интихоботӣ вобастагии калон дорад.

Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки «Ман ҳамчун номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят дар сурати интихоб шуданам тамоми нерӯ, дониш ва истеъдодамро дар роҳи татбиқи амалии дастуру нишондодҳои Сарвари Давлат ва Раиси вилояти Суғд сарфарбар менамоям. Барои вусъат бахшидани ҳунарҳои миллӣ ва ба шуғли доимӣ таъмин намудани занону ҷавондухтарон, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ кӯшиш хоҳам кард. Иштирок дар ҷараёни қабул ва амалигардонии қарорҳо оид ба пешрафти соҳаи иқтисодиёту иҷтимоиёти шаҳрро дар Маҷлиси вакилони халқи вилоят рисолати асосии вакилии худ ҳисобида, дар доираи стратегияву барномаҳои қабулгардидаи давлатӣ муваффақ гардидан ва мусоидат намудан ба татбиқи сиёсати пешгирифтаи давлат доир ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ, дастгирии аҳолии камбизоат, хусусан пиронсолону маъюбон, кӯдакони ятиму бепарастор саъй меварзам. Дар фаъолияти вакилии худ дар амалӣ намудани ташаббусҳои ҷавонони лаёқатманд хоса духтарон, зиёд кардани курсҳои кӯтоҳмуддати касбӣ барои ҷавонон ва калонсолон, аз ҷумла бозомӯзии онҳоро кӯшиш хоҳам намуд.

Сипас, номзади дигар ба вакилии маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии «Бофанда» №2  Ҷаббор Юлдошев ва шахси бовариноки номзад Неъматулло Файзулло баромад намуда, мақсаду мароми барномаи номзадро муаррифӣ карданд.

Дар анҷоми мулоқот Наим Маликисломӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд баромад намуда, аз иштирокдорони мулоқот даъват ба амал овард, ки номзади пешниҳоднамудаи ҲХДТ Маъруф Муҳаммадзодаро дастгирӣ намоянд.

Бояд қайд намуд, ки санаи 25-уми феврали соли равон баргузор дар қатори 3 ҳавзаи дигар, дар ҳавзаи «Бофанда» №2  интихобот, ҷиҳати интихоби вакили маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд баргузор мегардад.

 

 

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд