Рӯзи гузашта дар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон конференсияи навбатии кумитаи иҷроияи ибтидоии «М.Осимӣ» дар назди кумитаи маҳаллаи «Бофанда» бо иштироки аъзоёни фаъоли ҳизб баргузор гардид.

Дар кори Конференсия раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ ширкат варзида, суханронӣ намуд.

Дар ҷараёни кори Конференсия масъалаҳо вобаста ба рафти обуна ба рӯзномаҳои ҳизбӣ, дар бораи муқоисакунии аъзои ҳизб, идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии бемории сироятии Коронавирус ва интихоби вакилон ба Конференсияи XXIV ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар ҷамъбаст якчанд фаъолон бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои кумиҷроияи шаҳрӣ қадршиносӣ гардиданд.