Рӯзи гузашта оид ба иҷроиши дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади расонидани тасмими мақомоти Федератсияи Россия дар бораи сабук намудани муқаррароти будубоши муҳоҷирон ва авф кардани бахше аз муҳоҷирони кориро дар қаламрави Россия  дар толори Литсейи касбии техникии рақами № 44 бо бошандагони Кумитаи маҳаллаи «Шарқ» – и  шаҳри Хуҷанд вохӯрӣ бо  иштироки Мудири шӯъбаи умумӣ ва назорати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Мақсудҷон Абдугафуров, ҳуқуқшиноси муассисаи давлатии марказҳои машваратӣ ва омодагии  пеш аз сафари муҳоҷирон дар шаҳри Хуҷанд Фарида Иброҳимова, Раиси комиссияи кор бо занон М.Воҳидова ва Раиси комиссияи кор бо ҷавонони Кумитаи маҳаллаи «Шарқ» Б.Воҳидов баргузор гардид.

Дар оғоз Раиси комиссияи кор бо занони кумитаи маҳалла меҳмононро муаррифи намуд. Баъдан мудири шӯъбаи умумӣ ва назорати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд М.Абдугафуров зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи феврали соли 2017 ҳангоми вохӯрӣ бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин масъалаи расмикунонии будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро арзёбӣ намуданд, ки он мавриди амал  қарор  гирифт.

Фарида Иброҳимова дар баромади худ оиди  қоидаҳои нави будубоши муҳоҷирони  корӣ дар қаламравии Россия сухан ронд ва ба иштирокчиён дастурамалҳо дастрас карда шуд.