ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ НИМСОЛА 

 Тибқи талаботи Оинномаи ҲХДТ, қарори маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва дар мувофиқа бо Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ 11 июли соли равон бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Шарифзода Аминҷон Абдуғаффорӣ, муовини раиси шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Абдуқаюмзода Алиҷонӣ,  аъзоёни кумиҷроия, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандгони Ватан», намояндагони васоити ахбори омма ва дигар шахони даъватшуда ҷаласаи васеи кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввал ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2019 баргузор гардид.

   Дар рафти маҷлис масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:

 1.Ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2019 баҳри баррасӣ ва амалӣ намудани қарорҳои маҷлиси кумитаҳои иҷроияи Марказӣ, вилоятӣ ва шаҳрии ҳизб;

 2.Шунидани ахбороти комиссияи тафтишотӣ оид ба фаъолияти молиявии кумиҷроия дар нимсолаи аввали соли 2019;

 3.Шунидани ҳисоботи роҳбари гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд;

 4.Тасдиқи фармоиши раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд аз 24 майи соли 2019 оид ба Ситоди «Обуна -2020» ва меъёри обуна  ба рӯзномаҳои ҳизбии «Минбари халқ», «Сухани халқ» ва “Шафақ”;

 5.Тасдиқи қарорҳои маҷлиси Раёсати кумиҷроияи шаҳрӣ оид ба таъсиси ташкилотҳои ибтидоӣ ва қабули аъзо ба сафи ҳизб;

 6.Тасдиқи нақшаи корӣ барои нимсолаи дуюми соли 2019;

 7.Даъвати Конференсияи XХII ҳисоботӣ - интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд;

  8.Масъалаҳои ҷорӣ;

  Аз рӯи масъалаи якум - ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2019 баҳри баррасӣ ва амалӣ намудани қарорҳои маҷлиси кумитаҳои иҷроияи Марказӣ, вилоятӣ ва шаҳрии ҳизб ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар шунида шуд. Номбурда дар оғоз баён дошт, ки фаъолияти нимсолаи ҳизбиёни шаҳр дар муҳиту шароити вусъати бунёдкорию созандагӣ ҷамъбаст гардид.  

  Ҳанӯз аҳли ҷомеаро таассуроти баланд аз баргузории Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ташрифи сарони давлатҳо, ҳукуматҳо ва намояндагони воломақоми кишварҳои иштирокчӣ, роҳбарони ташкилоту созмонҳои байналмилалии нозир ва шарик ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлили бошукӯҳи 22-юмин солгарди баимзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ тарк накардааст.

Боиси хурсандист, ки дар доираи 1300 рӯзи ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи нақша – чорабиниҳои «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар миқёси шаҳри Хуҷанд бунёдкорӣ рӯз то рӯз авҷи тоза мегирад ва дар ин раванд аъзоёну фаъолон ва алоқамандони ҳизби маҳбуби мо низ саҳми шоистаи худро гузошта истодаанд.

     Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва ташкилотҳои ибтидоии он давоми нимсолаи аввали соли 2019 тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои маҷлисҳои Кумитаи иҷроияи Марказию вилоятии ҳизб бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 25 –солагии таъсисёбии ҲХДТ чораҳои амалӣ андешида, корҳои муайянро ба иҷро расониданд.

  Дар давраи ҳисоботӣ 1229 нафар шахсони арзанда ба сафи ҳизб ҷалб шуданд. Агар ин нишондиҳандаро бо нишондиҳандаи ҳамин давраи  соли 2018 муқоиса кунем, маълум мешавад, ки танҳо дар шаш моҳи соли равон 111 фоиз қабул ба сафи ҳизб зиёд гардидааст. Айни замон шумораи ҳизбиён дар миқёси шаҳр ба 17 ҳазору 300 нафар расидааст ва аз ин шумора 11 ҳазору 221 нафарро занон ва 8 ҳазору 351 нафарро ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар давраи ҳисоботӣ 6 адад корхонаву муассисаҳо ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис доданд. Ба ҳолати моҳи июл шумораи ташкилотҳои ибтидоӣ дар шаҳри Хуҷанд ба 232 адад расид. Инчунин, 5 адад кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ фаъолияти худро идома дода истодаанд.

 Бо вуҷуди бурдaни корҳои фaҳмондaдиҳӣ ҳaнӯз ҳaм рaвaнди aъзошaвӣ дaр соҳaҳои фарҳанг, савдо, сохтмон, кишоварзӣ ва муассисаҳои бонкӣ нисбaти дигaр  соҳaҳо сустaр ҷaрaён дорaд ва кормaндони мaсъули кумиҷроияи шaҳрӣ, роҳбaрони тaшкилотҳои ҳизбиро зарур аст, ки дaр ин сaмт фaъолиятро ҷоннок нaмоянд. Боиси қаноатмандист, ки давраи ҳисоботӣ сафи аъзоёни ҳизб аз ҳисоби кормандони соҳаҳои тандурустӣ, маориф, саноат, нақлиёт ва донишгоҳҳои олӣ афзун гардидааст.

 Дар идомаи маър=заи худ раиси кумиҷроияи шаҳрӣ оид ба корҳои иҷрошуда дар ҳамаи самтҳои фаъолият ба таври муфассал ҳисобот дод.  

 Муовини раиси шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Абдуқаюмзода зимни суханронии худ аз ҳамкории босамари мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, саҳми аъзоёну фаъолон ва алоқамандони ҳизб дар раванди бунёдкорию созандагӣ ва ҳалли мушкилоти мардум ёдовар шуда, изҳори қаноатмандӣ кард ва баён дошт, ки МИҲД-и шаҳр минбаъд низ иқдому ташаббусҳои ватанд=стонаи ҳизбиёнро дастгирӣ менамояд.

 Дар рафти музокира  раиси ташкилоти ибтидоии «Ориён», директори Коллеҷи омӯзгорӣ Кенҷазода Манучеҳра Солеҳ, раиси ташкилоти ибтидоии «Маркази хун» Наҷмиддинов Мирзонеъмат ва раиси ташкилоти ибтидоии «Пӯлод Толис» Раҳматова Наима маър=за карданд.

 Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Шарифзода Аминҷон Абдуғаффорӣ дар рафти суханронии худ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷандро аз ҷумлаи беҳтарин кумиҷроияҳои ҳизбии вилоят муаррифӣ намуда, фаъолияти онро намунавӣ арзёбӣ кард. Дар баробари зикри муваффақиятҳо номбурда камбудиҳои ҷойдоштаро зикр намуд, ҷиҳати ислоҳи саривақтии онҳо, боз ҳам тақвият бахшидани фаъолият маслиҳатҳои судманд дод ва ҳизбиёнро ба истиқболи сазовори ҷашнҳои мубораки 25-солагии ҲХДТ ва 30–солагии Истиқлолияти давлатии Ватанамон даъват кард.

 Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлиси ҳисоботӣ раиси комиссияи тафтишотии кумиҷроия Азимов Абдумавлон Ҷалилович маър=за кард ва оид ба фаъолияти молиявӣ ба таври муфассал гузориш дод. Аз аъзоёни ҳизб даъват ба амал овард, ки дар мавриди пардохти ҳаққи узвият масъулиятшинос бошанд.  

 Дар идомаи ҷаласа иштирокчиён суханронии аъзои гурӯҳи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд Бузурукова Шоира Камоловнаро  шуниданд.

Раисикунандаи маҷлис – раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Наим Маликисломӣ оид ба масъалаи чоруми рӯзнома иттилоъ дод, ки тиби нақшаи кории Кумитаи иҷроияи вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд маъракаи «Обуна- 2020» ба рӯзномаҳои ҳизбии «Минбари халқ», «Сухани халқ ва “Шафақ” расман аз 1 июни соли 2019 оғоз гардид.

 Дар кумиҷроияи шаҳрӣ Ситоди «Обуна - 2020» таъсис ёфт ва меъёри обуна ба рӯзномаҳои ҳизбии «Минбари халқ», «Сухани халқ» ва “Шафақ” байни соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳри Хуҷанд тақсимбандӣ шуд. Ҳайати Ситоди “Обуна-2020” иборат аз 29 нафар буда, намояндагони ҳамаи сохторҳо ба он ҷалб гардидаанд.

 Аъзои кумиҷроия бо роҳи овоздиҳӣ фармоиши раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд аз 24 майи соли 2019 оид ба Ситоди «Обуна-2020» ва меъёри обуна ба рӯзномаҳои ҳизбии «Минбари халқ», «Сухани халқ» ва “Шафақ”-ро тасдиқ намуданд.

 Баъдан масъалаи таъсиси ташкилотҳои ибтидоӣ ва қабули аъзо ба сафи ҳизб мавриди баррасӣ қарор гирифт. Иттилоъ дода шуд, ки дар семоҳаи дуюми соли 2019-ум 3 адад ташкилоти ибтидоӣ таъсис ёфт, 776 нафар аъзои нав ба сафи ҳизб қабул гардиданд. Аъзоёни кумиҷроия вобаста ба ин масъала ҳам тибқи талаботи Онномаи ҳизб тариқи овоздиҳии кушода қарор қабул карданд.

Дар рафти баррасии масъалаи шашуми рӯзнома нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд барои нимсолаи дуюми соли 2019 муҳокима ва тасдиқ карда шуд.

Наим Маликисломӣ ба самъи ҳозирин расонид, ки дар асоси банди 4.13 Оинномаи ҲХДТ бояд соли равон Конференсияи 22-юми  ҳисоботӣ – интихоботии кумиҷроия даъват карда шавад. Дар мувофиқа бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд имкон ҳаст, ки Конференсияи 22 ҳисоботӣ - интихоботӣ моҳи октябри соли 2019 гузаронида шавад. Аъзои кумиҷроия пешниҳоди мазкурро якдилона ҷонибдорӣ карданд. Меъёри вакилӣ ба Конференсия аз 74 нафар аъзои ҳизб 1 нафар вакил муқаррар гардид.

 Бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар самти ташвиқу тарғиби дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, дастгирии ҳамаҷониба дар пешрафти фаъолият, баланд бардоштани мавқеи ҳизб дар ҷомеа собиқадорону фаъолон Оқилов Толиб, Сайдуллоева Марҳамат Ҷумъаевна ва Ашӯрова  Лола Очиловна бо медали ҷашнии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ Бузурукова Шоира Камоловна, Муродӣ Умедахон Бурҳонзода, Шарипов Фазлиддин Зайниддинович, Комилов Илҳом Ҳакимҷонович, Миркамолов Муҳсин Насруллоевич, Бобоев Илҳом Тоҳирович, Оқилҷонова Мунира бо Ифтихорномаҳои кумиҷроияҳои вилоятӣ ва шаҳрии ҳизб қадршиносӣ карда шуданд. Ҳамзамон барои ҳамкории босамар дар самти инъикоси фаъолияти ҳизбӣ ширкатҳои радиову телевизионии “СМ-1”, “Диёр” ва “7 Ситора” бо Сипосномаву туҳфаи хотиравӣ сарфароз гардиданд.

Маҷлиси ҳисоботӣ бо вазифагузориҳои раиси кумиҷроия Наим Маликисломӣ ба охир расид.