Дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ баргузор гардид, ки дар он ахборотчиён дар мавзӯи «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» дар назди иштирокчиён баромад намуданд.

Аз ҷумла қайд карда шуд, ки соли равон аз таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 26 сол пур мешавад. Ин санаи муборак барои кулли аъзо ва ҷонибдорони ин ташкилоти муқтадир муборак бошад.

Чун саҳифаи таърихро варақгардон мекунем, аён мешавад, ки дар айёми сарнавиштсози миллат, ки бародар ба бародари худ эътиқоде надошта, бо мақсади муттаҳид ва сарҷамъ намудани қувваҳои солиму рӯшанфикр таъмини томи тистиқлолияти милливу давлатӣ, фарогирии фазои холии сиёсии кишвар, ки ҷуз ҳарзаву ёвахониҳои сиёсӣ чизе надошт, барои ба меҳнати бунёдкорона бозхондани мардуми заҳматкаш ва дар замири эшон пайдо кардани ҳисси боварӣ ва эътиқод, бедор кардани эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ибтидои соли 1994 таъсис ёфт.

10-уми декабри соли 1994 бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Анҷумани муассисон дар шаҳри Душанбе барпо гашта, Оиннома ва Барномаи ҳизбро тасдиқ намуданд. Дар ин Анҷуман Кумитаи иҷроияи Марказӣ интихоб шуд ва Достиев Абдумаҷид Салимович Раиси ҳизб интихоб гардид. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар он солҳои ноорому мухолифатомез худро чун ҷонибдори равандҳои демократикунонии ҷомеа, сохтори бисёрҳизбӣ таъмингари озодии сухану ошкорбаёнӣ, бунёди давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд муаррифӣ намуд. Вай ҳамчун нерӯи тоза, бунёдгару созанда ва навовар дар умқи ҷомеа реша давонда, беҳтарин инсонҳои хирадманд, олимон, сиёсатмадорон ва халқи меҳнаткашу ватандӯстро ба ҳам оварда, сарҷамъ намуд.