Дар идомаи таҷлили Рўзи «Созандагони Ватан» як гурӯҳ фаъолони ташкилот бо дастгирии кумиҷроияи шаҳрӣ аз вазъи зиндагии ҷавононе, ки бо амри тақдир маъюб гардидаанд, дидан карданд. Зимни мулоқот ҷавонон аз ободии макон, фазилатҳои хубу ҳамидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати маъюбону бепарасторон ҳарф зада, қайд карданд, ки давлат ва ҳукумат нисбати тақдири ин нафарон бефарқ нестанд. Баръакс онҳоро дар ҳама ҳолат пуштибонии хоҳанд кард. Ҷавонони имконияташон маҳдуд шукронаи тинҷиву амонӣ намуда, миннатдории хешро ба роҳбарияти ҳизб расониданд.