Бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз ду майдончаи варзишии ҷавобгӯ ба тамоми талаботҳои баргузории футболи хурд бо номи «Суғдиён бо тантана ифтитоҳ гардид. Майдончаҳои мазкур бо алафи сунъӣ руйпӯш гардида ба масоҳати 44 ба 24 метр сохта шудааст. Соҳибкори инфиродӣ Муминҷон Азизов давоми ду моҳ бо кӯмаки ширкати сохтмонии «Замон» ба маблағи умумии 200 ҳазор сомонӣ майдончаи мазкурро бунёд намудааст. Бо назардошти он, ки майдончаи мазкур дар шафати мактаби таҳсилоти умумии № 14 шаҳри Хуҷанд бунёд гардидааст, минбаъд муҳассилини ин мактаб имкон доранд аз соати 08.00 то соати 15.00 дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ ва чорабиниҳои варзиширо ҳамарӯза дар ин майдончаҳои замонавӣ баргузор намоянд. Ҳамзамон дастаҳои футболбозони маҳаллаи «Суғдиён» низ имкон пайдо намуданд мусобиқаҳои варзишии худро дар майдони футболбозӣ баргузор намоянд. Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз ба масъулини муассисаҳои варзишӣ, мураббиён ва варзишгарони ҷавон кушодашавии боз як макони варзиширо табрик намуда, ин амали неки соҳибкорро тӯҳфаи арзанда ба «Соли фарди солим» ва 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон номида, ба нахустин мусобибиқаи дастаҳои футболбозони навраси маҳаллаи мазкур дар майдончаи варзишии нави «Суғдиён» ҳусни оғоз бахшид. Қисмати дуюми чорабинӣ дар маҷлисгоҳи Макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки бештар аз 100 нафар алоқамандони соҳаи варзиш баргузор гардид. Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз дар оғоз кулли ҳозирон ва варзишгаронро бо Рӯзи варзишгарон табрик намуда изҳори умедворӣ намуд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон варзишгарон ба дастовардҳои баланди байналмиллалӣ ноил хоҳанд шуд. Ҳамчунин Раиси шаҳри Хуҷанд аз иштирокдорони маҷлиси тантанавӣ даъват ба амал овард, ки ба истиқболи ҷашни 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳури Тоҷикистон 25 рӯзи мусобиқаҳои варзишӣ дар шаҳри Хуҷанд ташкил карда шавад. Даъвати мазкур аз ҷониби ҳозирон бо хушнудӣ пазируфта шуд. Дар интиҳо ба 25 нафар варзишгарони номӣ, мураббиён ва собиқадорони соҳа Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.