Чанд сол аст, ки бо иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи  USAID "Ҳамроҳ мехонем" бо мақсади беҳтар намудани натиҷаҳои хониши хонандагони синфҳои ибтидоӣ, такмили ихтисоси омӯзгорон гузаронида мешавад. Ин лоиҳа дар шаҳри Хуҷанд низ бо маром татбиқ шуда, дар қатори омӯзгорон ҳамчунин аъзоёни фаъоли ҳизб низ барои тақвияти дониш ва маҳорати худ мунтазам дар семинарҳои омӯзишӣ ширкат меварзанд.

 Чунончи даҳ нафар аъзои фаъол аз ташкилоти ибтидоии ба номи Абулқоисим Фирдавсӣ дар семинари  навбатӣ ширкат варзида, аз навовариҳои соҳа, махсусан дар раванди таълим истифода бурдани технологияи муосир ошноӣ пайдо намуданд. Таълими босалоҳият, истифодаи асбобу аёниятҳои техникӣ, ҷалби хонандагон ба илмҳои муосири техникӣ аз ҳадафҳои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб шуда, роҳандозӣ гардидани Барномаҳои давлатии комютеркунонӣ ва ташкили синфхонҳои лабораторӣ мебошад.

Ёдовар мешавеи, ки дар доираи ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар доираи лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем» ба китобхонаҳои вилоят 1000 адад китобҳои бадеӣ дастраст карда шуд. Дар пояи китобхонаи Маркази таҳсилоти иловагии вилоят маҳфили «Китобхони беҳтарин» низ таъсис дода  шуд.  Маҳфили мазкур ҳафтаи 2 маротиба амал намуда, беш аз 20 нафар хонандагон дар доираи барномаи омодашуда, сабақ меомӯзанд. Маҳфили мазкур ройгон ба роҳ монда шуда, хоҳишмандон метавонанд ба ин маҳфил шомил шавад.

Ҳадафи асосии роҳандозии маҳфил ин ба китобу китобхонӣ ҷалб намудани хонандагон ва омода намудани хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба озмуни «Фурӯӯи субҳи доноӣ китоб аст» мебошад.