Кормандони бозори «Ҳоҷиабдулазиз» низ бо руҳияи болида ва шукрона аз тинҷию оромии кишвар фаъолияти соҳибкории хешро пеш мебаранд. Чунин қайд шуд зимни вохӯрии раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар бо ҷомеаи меҳнатии ин маркази савдо. Дар вохӯрӣ раиси кумиҷроия таъкид дошт, ки дар таърихи навини давлатдории тоҷикон чор рӯйдоди хотирмон барои ба маҷрои тозаи сиёсиву иқтисодӣ ворид гардидани кишварамон нақши ҳалкунанда бозидааст. Ин пеш аз ҳама Истиқлолияти комил ба даст овардан, баргузории Иҷлосияи ХУ1  -уми Шӯрои Олӣ, қабули аввалин Конститутсияи миллӣ ва Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мебошад.

Бисту панҷ сол муқаддам дар қасри таърихии Арбоб баргузор шудани Иҷлосияи ХУ1 -уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро коршиносони сатҳи байналмилалӣ  пирӯзии ақли солим ва хиради волои миллати тоҷикон унвон кардаанд. Зеро дар он солҳои вазнин ва ҳасос сарҷамъ шудани нерӯҳои солим, баррасии бечунучарои фардои миллат коре буд басо мушкил.

Ва мардуми соҳибназару ваҳдатшиори кишвар бо иқдоми тозае таклиф намуданд,  ки бо мақсади арҷгузорӣ ба ҷоннисориву заҳматпешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 16- ноябрро ҳамчун Рӯзи Президент таҷлил намоем.

Итминони комил дорам, ки имрӯзиён ва ояндагон аз бебокиву ҷоннисориҳои роҳбари давлат бештару беҳтар ошноӣ пайдо мекунанд. Зеро руҳияи шикастнопазири роҳбари  давлат ва соҳибхирадии халқи азизи кишварамон сабаб шуд, ки мо ба ваҳдати комил расидем.

Бо ҳамин чорабинӣ анҷом пазируфт.