Имрӯз барои мардуми тамаддунофари тоҷик қисмат имтиҳони дигареро пеш овардааст. Бархе аз саркардагони ҷанги шаҳрвандӣ ва азҳоби сиёсӣ барои халалдор кардани оромии кишвар бо истифода аз расонаҳои гуногуни хабарӣ ва сомонаҳои интернетӣ рахна ба мазҳабу ваҳдати бадастомадаи мардум зада истодаанд. Инҳо намояндагони ташкилоти терористиву экстремистии  наҳзатиҳоянд, ки агар дар кишвари мо қаноти парранда шиканад ҳам табли шодӣ мезананд ва барои ҳангомасозиҳои бемантиқ азм мегиранд.

Мо халқи тоҷик озодӣ ва ҳуқуқҳои конститутсионии худро муқаддас шуморида, ба ваҳдат, баробарию бародарӣ ва дӯстии миллату халқиятҳои Ватани азизамон - Тоҷикистон арҷ гузошта, баҳри бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ бо азму иродаи қавӣ талош меварзем. Нагузорем, ки наҳзатиҳои нобакор ақидаҳои мардумфиребона ва дурӯғини худро паҳн кунанд. Барои ноором сохтани миллати мо саҳм гиранд. Барои зарба задан ба ин ҳадафҳои нопоки наҳзатиҳо, моро мебояд, ки қабл аз ҳама худогоҳу масъулиятшинос ва меҳанпараст бошем.