Сафари меҳмонон дар маҷмааи таърихию фарҳангии «Истиқлол» идома ёфт. Ин мавзеи хушобу ҳаво ва макони сайру гашт бо ибтикороти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат рӯи кор омада, барои баланд бардоштани ифтихори миллии сокинон василаи хубе гардидааст.

Баландии муҷассама 53 метр буда, дар он тоҷ ва ҳафт ситораи доирашакл давр мезананд. Дар баландии 21 метри он майдончаҳо барои тамошо сохта шудааст ва дорои лифтҳои махсус мебошад. Масоҳати умумии маҷмаа 1 ҳазору 127 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар таҳхонаи он толорҳои намоишӣ ва таърихию фарҳангӣ мавҷуданд, ки дар онхо харитаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқаддасоту арзишҳои миллӣ ҷойгир карда шудаанд.

 Дар идомаи корҳои бунёдкорӣ дар ин мавзеъ  бо мақсади таъмини сатҳи баланди хизматрасонӣ ва истироҳат барои шаҳрвандон дар ҳудуди маҷмаа ташкили толори намоиш бо фарогирии анъана ва русуми сокинони ҳафт минтақаи ҷумҳурӣ аз қабили сарулибос, анъана ва маданияти рӯзғордории онҳо ташкил карда мешавад. Инчунин, ташкили марказҳои  савдо, хизматрасониҳои бонкӣ, ҳунарҳои дастии миллӣ, дуконҳои китобу дигар лавозимоти хониш, армуғонҳо ва маркази хизматрасонии иттилооти сайёҳӣ дар ҳудуди маҷмаа ба нақша гирифта шудааст. Сокинон ва сайёҳони шаҳрҳамзамон метавонанд аз хизматрасонии лифт барои тамошои толорҳои болоӣ ва манзараи шаҳри бостонии Хуҷанд истифода баранд.

Ба меҳмонон тарзи меъмории ин маҷмаа писанд афтод. Ҳусни ин мавзеро гулгашту фаввораҳои атрофи он боз ҳам зеботар намуд.

Ҷавонон бо руҳияи болида аз дигар мавзеҳои таърихии шаҳр дидан намуданд.