Тадбиқи стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар кишвари мо давра ба давра амалӣ гардида истодааст, баёнгари таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушдаи соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ мебошад.

Бахшида ба иди касбии кормандони соҳаи тандурустӣ дар беморхонаи клиникавии шаҳрии № 1-и шаҳри Хуҷанд маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Заррина Манонова ва мудири шуъбаи ташкилии кумиҷроия Эҳсон Исоев  ширкат варзида, ҳамаи кормандони соҳаро ба муносибати иди касбиашон аз номи Раиси Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар табрику муборакбод намуданд.

Аз ҷумла қайд намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ қайд намуданд, ки «Агар ҳадафи мо бунёди ҷомеаи солим ва соҳибмаърифат бошад, пас таваҷҷуҳамонро ба ҳифзи саломатии ҳар як инсон равона намоем. Дар хотир дорем, ки танҳо насли аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ солим метавонад, бунёдгузори ҷомеаи нав бошад».

Аз ин рӯ, барои ҳифзи саломатии инсонҳо кадрҳои баландихтисоси тиббӣ, ки созандаву бунёдкор, навовару ташаббускор лозиманд. Мутахассисони босаводи тиббӣ барои рушди устувори соҳаи тиб саҳмгузор хоҳанд шуд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба Раиси ташкилоти ибтидоии “БКШ №1” Тӯрахонов Фирдавсхон медали ҷашнии 20- солагии ҲХДТ  ва ба чанде аз фаъолон Ифтихорнома, Сипосномаҳою тӯҳфаҳои хотиравӣ  дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.