Имрӯз дар мактаби санъати бачагонаи №4 ба ифтихори 29 – солагии Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳоқимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва ташкилоти ҷамъиятии барқароркунадагони сохти Конститутстонии “Сипари сулҳ” озмуни “Рассомони ҷавон” таҳти унвони “Артиш шоҳсутуни давлат” бо иштироки зиёда аз 70 нафар доир гардид.

Дар расми ифтитоҳи чорабинӣ сармутахассиси бахши фарҳанги шаҳри Хуҷанд Ҷӯразода Набиҷон  ҳозиринро бо ин санаи муборак табрику муборакбод гуфта, таъкид дошт, ки Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фосилаи нисбатан кӯтоҳи таърихӣ бо талош ва заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нерӯи қудратманди низоми муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи мамлакат табдил ёфта, ҳоло ба Ватан ва халқи худ содиқона хизмат мекунанд. Афсарону сарбозони Артиши миллӣ аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт, мактаби мардонагӣ ва муборизаву набардҳои сангин сарбаландона гузашта, барои ҳифзи обу хоки сарзамини аҷдодӣ ва ҳимояи дастовардҳои истиқлолият хизмати содиқонаву арзандаи худро ба ҷой овардааст.

Муовини раиси Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева аз номи роҳбарияти кумиҷроияи шаҳрӣ ҳозиринро бо фарорасии Рӯзи Артиши миллӣ табрик намуда, баён дошт, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат сол аз сол беҳтар шудани таъминоти қисмҳои низомӣ, шаклан ва мазмунан тағйир ёфтани корҳои тарбиявию сиёсӣ, мунтазам гузаронида шудани машқҳои ҳарбӣ, таҷҳизонидани қисмҳои ҳарбӣ бо техникаҳои ҳозиразамон боиси афзудани маҳорати касбию ҷангии сарбозон гардида, ҷавонон хизмати ихтиёриро пеша кардаанд.  Имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати касбиашро ба ҷо оварда, дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва истиқрори сулҳу субот ҳамчун нерӯи тавоно ва қудратманд саҳми босазо дорад. Ин ниҳоди қудратманд чун мактаби мардонагиву ҷасорат, фидокориву далерӣ дар замири насли ояндасоз эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ, меҳанпарастиву ватандорӣ ва ҳувияти миллиро бедор месозад.

 Мудири шуъбаи  ҷавонони кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд Эҳсон Исоев дар баромадаш қайд намуд, ки хизмат дар сафи Артиши миллии Тоҷикистон мактаби мардонагӣ ва обу тоб ёфтани ҷисму руҳ буда, маҳз баргузории чунин чорабиниҳо  эҳсоси худшиносии насли наврасро баланд мебардорад.

Ҳунармандони ҷавоне, ки дар кашидани расмҳои характери ватандӯстона дошта ва ҳамзамон духтароне, ки бо нақши дастони гулдӯзии худ дар кашидадӯзӣ маҳорати баланд нишон доданд, аз тарафи ҳайати ҳакамон баҳои баланд гирифтанд.

Дар охир ба ғолибон сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии кумиҷроияи шаҳрӣ,  шуъбаи фарҳанг ва ташкилоти ҷамъиятии “Сипари сулҳ” дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда шуд.  Ба фаъолони  чорабинӣ – аъзои ташкилоти ҷамъиятии “Сипари сулҳ” низ Сипоснома ва тӯҳфаҳо дода шуд.

 Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур ҳамасола дар остонаи таҷлили Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда мешавад.