Санаи 16.06.2015 сол дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи Давлатии Тиҷоратии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Соли Оила, рушди фарҳанг ва гулҳо маҳфили фарҳангӣ- фароғатӣ баргузор гардид, ки дар он аъзоёни ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» -и КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, дастаи «Садои ҷавонӣ»-и донишгоҳ бо барномаи ҷаззоб баромад намуда, хотири иштирокдорони маҳфилро бо рақсу сурудаҳои хеш шод намуданд. Созмон додани чунин дастаҳои ҳунарӣ дар донишгоҳҳо боиси он мегардад, ки ҷавонон вақти холигии худро ба корҳои ношоиста сарф накарда, ба савту наво ва тараннуми ин кишвари биҳиштосо машғул мешаванд, ки ин албатта аз аҳамият орӣ нест.