Теъдоди ташкилотҳои ибтидоии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ба 235 адад расид. Зеро субҳи имрӯз бо иштироки мудири шуъбаи кор бо ҷавонони кумиҷроия Эҳсон Исоев ва сармутахассиси шуъбаи назорати дастгоҳи кумиҷроия Исмоил Латипов ба фаъолияти боз як ташкилоти ибтидоӣ оғози расмӣ бахшиданд.

Зимни вохӯрӣ бо бошандагони маҳаллаи “Ҷаббор Расулов”, ки аксариятро  омӯзгорони муассисаи таҳсилоти таълимии хусусии “Дониш” ташкил медиҳанд, сармутахассиси шуъбаи назорати кумиҷроия Исмоил Латипов ҳозиринро бо 26-умин солгарди таъсисёбии ҳизб ҳозиринро табрик намуда, баён дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рузҳои аввали фаъолият масъулияти худро барои ободии имрӯзу фардои Ватану миллат ва таъмини зиндагии шоистаи ҷомеа ба хубӣ дарк намуда, бо  пиёда сохтани ҳадафҳои Оинномавию Барномавии худ  барои дар амал татбиқ шудани нақшаҳои созандаи давлату ҳукумат кӯшиш ба харҷ медиҳад.

         Хушбахтона, он самтҳои пешрафти мамлакат, ҳадафҳои созандае, ки барои солҳои 2015-2020 дар барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нишон дода шуданд, зина ба зина амалӣ гардида, имрӯз бо қабули Барномаи нав таҳти унвони “Барои зиндагии шгоистаи мардум” барои солҳои 2020 – 2025  фаъолияташро идома медиҳад.

Қобили зикр аст, ки сафи ҳизбиён дар шаҳри Хуҷанд дар қиёс ба дигар шаҳру навоҳии вилоят бештар аст. Агар дар солҳои аввали таъсисёбии ҳизб, ки ба соли 1998 рост меояд, шумораи ҳизбиён 300 нафар ва ҳамагӣ 9 ташкилоти ибтидоӣ фаъолият дошта бошанд, имрӯз теъдоди аъзо ба 18 ҳазору 270 нафар расидааст, ки дар 235 ташкилотҳои ибтидоӣ сарҷамъ омадаанд. Ҷавҳари асосии сафи аъзоро дар шаҳри Хуҷанд маорифчиён ташкил намуда, онҳо дар кумитаи иҷроияи ибтидоии “Истиқлол”  сарҷамъ гардидаанд.

Бояд иқрор шуд, ки омӯзгорон ҳамеша дар сафи пеши масъулияти давлатдорӣ буданд ва ҳастанд. Зеро ҳаёти сиёсиву фарҳангии кишварро бе иштироки онҳо тасаввур кардан нашояд. Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ пешрафт ва рушди мамлакатро маҳз дар тарбияи дурусти кадрҳо, баланд бардоштани сатҳ ва сифати таълим медонад. Ва дар ин роҳ муваффақ ҳам гардидааст.

 Таъсиси ташкилоти нави ибтидоӣ масъулияти кормандонро боз ҳам баланд бардошта, онҳоро ба созандагиву бунёдкорӣ раҳнамоӣ мекунад.

Юнусова Дилноза, раиси тозаинтихоби ташкилоти ибтидоӣ аз номи ҳизбиён ваъда дод, ки дар асоси талаботҳои Оинномавию Барномавии ҳизб фаъолиятро пеш бурда, барои боз ҳам афзун намудани дастовардҳо кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод.