Имрӯз ҷавонони мо ҳамчун нерӯи бузурги бунёдкору созанда  эътироф шудаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон ғамхориҳои беандоза зоҳир намуда, таъсис ва ташкили Маркази миллии тестиро сарчашмаи безаволи бунёдкориву созандагӣ ҳисобида таъкид карданд, ки «Мо ба тарбияи кадрҳои ояндасози мамлакатамон тамоми шароитҳои заруриро муҳайё карда, доир ба интихоби ҷавонони дар ҳақиқат донишманду ояндадор ҳамаи чораҳои дахлдорро андешида истодаем.

 Дар доираи баргузории чорабиниҳо таҳти унвони «Нури ирфон» намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар кумитаи иҷроияи ибтидоии «Бобоҷон Ғафуров» мулоқоти судманд доир намуданд.

Зимни суҳбат котиби масъули қабули ҳуҷҷатҳои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров номзади илмҳои филологӣ, дотсент Назирҷон Пӯлодов таъкид дошт, ки имрӯз яке аз муҳимтарин ҳадафҳои ҳизб бо истифода аз дастовардҳои илму техникаи муосир ва технологияи пешрафта ба камол расонидани наслҳои донишманд, бомаърифату соҳибмаълумот мебошад, зеро ояндаи миллат аз онҳо вобаста мебошад.

Дар фуроварди машваратӣ довталаби соли 2017 Холиқзода Абдуваҳҳоб, зодаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки бо дониши саҳеҳи худ ва бо холҳои баланд ба унвони донишҷӯӣ сазовор гаштааст, сипосу миннатдории хешро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуда, ваъда дод, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо бо донишу рафтори намунавӣ пешгоми ҷамъият хоҳад буд.