Субҳи имрўз дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Хақии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд машварати назди Раиси Кумиҷроия баргузор гардид.

Дар ин машварат Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар  ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони кумиҷроияро вазифадор намуд.

Қайд карда шуд, ки дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоӣ ин чорабинӣ дар сатҳи зарурӣ гузаронида шавад. Инчунин аз ҷониби Раиси Кумиҷроия оид ба иҷроиши нақшаи ҳафтаина ба кормандон супоришҳои мушаххас дода шуд.