Дар ақсои олам ба шиддат сироят ёфтани шаҳрвандон ба бемории коронавирус ҷомаеи ҷаҳониро ҳушдор медиҳад, ки сокинон аз сари эҳтиёт кора бигиранд. Зеро ин вабо натанҳо ба солимии ҷисму руҳ, балки ба иқтисоди миллии ҳар як давлат хатар ворид мекунанд.

Хушбахтона, то ба имрӯз дар кишвари мо сироятёбӣ ба ин намуди беморӣ ба қайд гирифта нашудааст. Бо дастуру бевоситаи Сарвари давлат Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешгирӣ аз сироятёбӣ тамоми гузаргоҳҳои сарҳадӣ мавриди назорат қарор гирифта, дар аксари ташкилоту муассисаҳо чорабиниҳои таблиғотиву ташвиқотӣ ба роҳ монда шудааст. Омодагии ҳамҷониба, аз ҷумла ташвиқи пӯшидани ниқоби ҳимоятӣ, бештар дар издиҳом гаштугузор накардани сокинон эҳтимолияти сироятёбиро камтар мекунад. Азбаски дар ҳамсоякишварҳои мо сироятёбии беморӣ ба қайд гирифта шудааст, баргузор намудани чорабиниҳои профлактикӣ бар манфиати кор аст. Махсусан дар байни аҳолӣ бурдани корҳои  таблиғоту ташвиқотӣ вобаста ба ин мавзӯи рӯз бар манфиати кор аст. Зеро ноогоҳӣ, ахбори бардурӯғ ва эътимод бахшидан бо овозаҳои бардуруғ метавонад оқибатҳои ногувор орад.

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар асоси супоришҳои Кумитаи иҷроияи Марказӣ ва вилоятии ҳизб тайи як ҳафтаи охир бо баргузор намудани чорабиниҳои мухталиф барои расонидани иттилооти воқеӣ дар ин самт фаъолиятро вусъат бахшидааст. Дар майдони регистони бозори марказии “Панҷшанбе” доир намудани аксия таҳти унвони “Худ ва дигаронро аз сирояти коронавирус эмин доред”!, усули кӯча ба кӯча ва хона ба хона таблиғ бурдан бозгӯи гуфтаҳои болоиянд.

Ҳамчунин давоми се рӯз аст, ки бо ҷалби ҷавонони волонтёр, ки аксаран аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Хуҷанд мебошанд, дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр варақаҳои таблиғотиро оид ба пешгирии беморӣ паҳн ва насб мекунанд. Чунин иқдом барои иттилоот ёфтани сокинон мусоидати беш мекунад.

 

Маркази иттилоот ва таҳлили

КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд