Беш аз як моҳ мешавад, ки дар тамоми ташкилоту корхонаҳо Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ҳамчун дастури раҳнамоӣ мавриди омӯзиш қарор мегирад. Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо баргузор намудани як конференсияи ҷумҳуриявӣ амалишавии се ҳадафи стртегии давлат, ки дар Паёми имсола зикр шудааст, мавриди омӯзиш ва таҳлили коршиносон қарор гирифт. Дар конференсия сарварони муассисаҳои олии вилоят, олимон, коршиносони соҳа ширкат доштанд. Чорабиниро муовини директор оид ба илм ва инноватсия Турсун Холматов ҳусни ифтитоҳ бахшид. Мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ташкилотҳои ҷамъиятии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Мирзоқосим Каримов дар баромадаш таъкид дошт, ки Паём барномаи мукаммал барои як соли минбаъда буда, иҷроиши бандҳои он вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрвандон аст.  Сипас устодони донишкада номзадони илми техникӣ  Охунбобо Раҳимов,  Толмас Сайфуллоев, Раъно Исомаддинова, доктори илмҳои иқтисод, профессор Азизулло Авезов, мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони донишкада Ҷамшед Масаидов дар бораи масъалаҳои ҳалталаби истиқлолияти энергетикӣ, истифодаи оқилонаи захираи обӣ ва амнияти озуқаворӣ, пояҳои рушди устувори соҳаи саноати кишвар, таҳсилоти фосилавӣ- технология ва усулҳои самараноки тайёркунии мутахассисон дар шароти муосир, ҷавонон нерӯи созандаи ҷомеа маърӯзаҳои илмӣ намуданд. Зимни суханрониҳо қайд шуд, ки амалӣ шудании се ҳадафи стратегии давлат- таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ имкон дод, ки пояи иқтисодиву иҷтимоии кишвар мустаҳкам гардад. Фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, рушди туризм, имконияти васеъ барои таҳсили ҷавонон, пешрафти соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, низоми бонкдорӣ аз дастовардҳои 15 соли охир арзёбӣ шуд. Дар қисмати дуюми кори конференсия дар бахшҳои алоҳида наздики 70 мақолаҳои илмии устодони мактабҳои олии кишвар мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.