Вақте ки тавассути сомонаҳои интернетӣ кушторхои вахшиёна, фохишагӣ ва дигар рафторхои ғайриинсонии ташкилоти ба ном Давлати Исломиро мебинем, ҳамон даҳшатҳои ҷанги соли 1992, ки ҷангиёни ҲНИТ дар ҳаммоми совхози «Туркманистон» одамонро месўзонданд пеши рў меорад. Имрўзҳо роҳбари ҲНИТ бо сабабҳои номаълум дар хориҷи кишвар қарор дорад. Кӣ медонад, ки ҲНИТ боз чӣ нақшаҳоро роҳандозӣ карда истодааст. Мақоле хаст, ки «Кўр як бор ба чоҳ меафтад».

Нашавад, ки ҲНИТ боз Точикистонро ба майдони ҷанги исломиён қарор дихад. Маълум аст, ки дар ягон ҷумҳуриҳои собиқ Шуравӣ чунин хизб, яъне хизби исломӣ фаъолият ва ё арзи вуҷуд надорад. Бо шарофати роҳбарияти кишвар дар Тоҷикистони соҳибистиқлол фаъолияти он расман иҷозатдода шуда буд, аммо оқибат фаъолияти он моро ба куҷо оварда расонид ҳамаи мо шоҳид ҳастем.

Ҳама шоҳиди онем, ки дар давоми солҳои фаъолияти хеш ҲНИТ чӣ корҳоро ба сомон расонидааст, ба ғайр ҷангу бадбахтиҳо. Солхои 90-уми асри гузаштаро ба хотир орем, худ як дарсе барои сокинони ҷумҳурӣ аст. Чунки бо як чашмакзании қозӣ Тураҷонзода ва дастгирии бевоситаи ҳаммаслаконаш аз ҳисоби аъзоёни ҲНИТ дар кишварамон ҷанги шаҳрвандӣ ба вукуъ пайвасту ҳазорҳо сокинони бегуноҳ кушта шуда, бе хонаву дар ва дар кишвари бегона гуреза шуданд. Дар навбати худ Тураҷонзода ва дигар хаммаслаконаш дар хориҷи кишвар дар панохи хочагони хоричии худ «панаҳ» ёфтанд. Имруз бошад, Муҳиддин Кабирӣ дар хориҷи кишвар карор дошта, боз ягон нақшаҳои гаразноки хешро бо дастгирии хочагони худ тарҳрезӣ намуда, ба сулху суботи кишвари азизамон - Тоҷикистон мехоханд халал эҷод намоянд. Бояд зикр намоям, ки дигар мардуми тоҷик чунин суистифода аз боварихои диниро пушти сар кардаанд ва намехоханд ба хотири кадом як охунди мансабталабу чоҳхох такдири дину миллати худро ба гарав гузоранд.

Ҳаминро бояд қайд менамоям, ба ин хел муноқишаҳои нолозима бояд ба тезӣ хотима бахшида шавад. Мо, мардуми таърихии тоҷикон на бо гурўҳбозии бемаънӣ, балки бо ҳифз намудани истиқлолияти кишвар ва ободу зебо гардонидани он саҳмгузор бошем.