Наврӯзи дилафрӯз бо қудуми некпайяш ангезаи зебоиву зебопарастиро дар зеҳну шуур ва тинати мо ҷо намудааст. Шукуҳу ҷалол ва пайки нусратомези баҳор ва Наврӯз дилҳои моро шоду фараҳ ва ба зиндагии мо шодмониҳои нав ба навро эҳдо месозад.

 Чорабинии идона дар ташкилоти ибтидоии “Сино” бори дигар шукуҳу шаҳомати Наврӯзро исбот намуд. Донишҷӯёни коллеҷ бо риоя аз урфу одатҳо дастурхони идонаро оро дода, бо табли шодиву сурур ин ҷашни миллиро истиқбол гирифтанд.

 Раиси ташкилоти ибтидоии мазкур Илҳом Комилӣ зимни номаи табрикотии худ аз ҷумла афзуд, ки Иди Наврўзро, ки бо фарорасии он гармии ҷонбахши баҳорӣ оғоз меёбад, ҷашни шукўҳи табиат ва овони эҳёи он гуфтаанд. Воқеан, Наврўз давраест, ки Замин ба меҳвари Хуршед баромада, рўзу шаб баробар мешавад ва кулли инсону мавҷудотро рўҳу равони тоза бахшида, ба ояндаи нек, рўзгори обод ва пешрафту созандагӣ ҳидоят мекунад.

Сипас, як қатор озмунҳо, аз ҷумла: «Омӯзгори беҳтарин», «Роҳбари гуруҳи беҳтарин», «Донишҷӯйи беҳтарин», «Синфхонаи беҳтарин» натиҷагирӣ ва ғолибон бо сипосномаву туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.

Барномаи фарҳангии донишҷуён ба чорабинӣ ҳусни дигар бахшид.