Бо шарофати ташаббусҳои хирадмандона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯз байналмилалӣ гардида, ҳамасола бо шаҳомати нусратбор таҷлил мегардад, ки ин далел аз соҳибистиқлолии кулл дар кишвар аст.

Намунаи равшани он бо ташаббус ва дастгирии Кумитаи иҷроияи ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  «Истиқлол»  дар назди кумитаи маҳаллаи «Масҷиди Савр» гузаронидани Озмуни «Маликаи Наврӯзӣ» мебошад, ки аз баракот ва файзи вуруди Наврӯз ба мулки зарнисораш – Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад.

Фазои ҷашни Наврӯзи дилафрӯз бо ҳузури Маликаи он, бо Хони Ҳафтсину Ҳафтшин, бо накҳати гулу ёсамин танинандоз гардид.

Ҷоиз ба қайд аст, ки ғолибони Озмун бо Ифтихорнома ва Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд сарфароз гардонида шуданд.

Маликаи Наврӯзӣ Бобоҷонова Муҳиба Муқимовна аз ташкилоти ибтидоии «Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ» муайян гардид ва ба Озмуни вилоятӣ роҳхат гирифт. Ба ӯ дар ин ҷода комёбӣ ва пирӯзӣ хоҳонем!