Бо иштироки вакилон, собиқадорони ҳизб, аъзои фаъоли ХҲДТ дар шаҳри Хуҷанд конференсияи XXV ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Вакилони конфронс пас аз тасдиқи ҳайати Раёсат, котибот, комиссияи мандатӣ ва ҳайати таҳририя ба муҳокимаи масъалаи кори рӯзнома шурӯъ намуданд.

Раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар кулли иштирокдорони конференсияро бо ҷашни Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуд.

Сармуҳаррири нашрияи “Шафақ” Абдусабур Абдуваҳобов зимни маърӯзаи худ таҳти унвони “Нигаҳбони миллат” афзуд, ки ба рӯзи нахустини Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамрадиф омадани Рӯзи Президент басо рамзӣ аст. Таърих ёд дорад, ки 25 сол муқаддам, 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд дар вазъияти барои халқу ватани мо ниҳоят ҳассосу сарнавиштсоз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд ва ба мардуми чашмнигарон муроҷиат намуданд: «Ман ба шумо сулҳ меоварам!».

Аз рӯзҳои нахустини фаъолият Роҳбари мамлакат барномаҳои мукаммали давлатиро тарҳрезӣ намуданд, ки асоси онҳоро рушд ва эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръат стратегия ва дурнамои тараққиёти Тоҷикистони соҳибистиқлолро ташкил намуданд.

Умеда Бурҳонӣ, вакили конференсия зимни музокира зикр намуд, ки саҳми Пешвои муаззами миллат дар таҳкими давлатдорӣ, фароҳам овардани  амну осоиштагӣ бесобиқа аст. Ва таҷлили ин санаи муборак  нишонаи садоқати аҳли ҷомеа, аз ҷумла аъзо ва пайравони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба иқдомҳои ватандӯстона ва миллатпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.

Дар идомаи кори конференсия вакилон дар асоси қарори маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз санаи 21 октябри соли 2020 таҳти № 58 «Дар бораи таъин намудани интихобот ба ивази вакили хориҷшудаи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Бофанда №2» ва тибқи моддаҳои 25 ва 48 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» оид ба тартиби пешбарии номзадҳо ба вакилӣ ва оид ба гузаронидани интихоботи вакилон ба ивази вакилони хориҷшуда номзади худро ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии Бофанда №2 пешбарӣ намуданд. Ҳамин тавр вакилон якдилона номзадии аъзои фаъоли ҳизб, собиқ  аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардухтур оид ба корҳои муолиҷавии Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-и шаҳри Хуҷанд Аминҷонова Саодат Сайфинаҷотовнаро  номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Бофанда №2”  пешбарӣ гардид.

Духтури Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-и шаҳри Хуҷанд Нуров Фаёз аз зиндагинома ва кору пайкори номзад сухан ронда, хизматҳои шоёни Аминҷонова Саодат Сайфинаҷотовнаро дар мубориза ба бемории сироятии КОВИД – 19 ёдовар шуд.

Маликисломӣ Наим Мунаввар низ аз ҳамкории мутақобилаи номзад бо кумиҷроияи шаҳрӣ суханрон ронда, таъкид дошт, ки мавсуф яке аз аъзоёни фаъоли ҳизб дар татбиқи ҳадафҳои Оинномавию Барномавии ҳизб саъю талоши бештар меварзанд.

Муовини раиси кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ Шарифзода Аминҷон Абдуғаффорӣ номаи муборакбодии раиси кумиҷроияи вилоятӣ Зуфар Исмоилзодаро ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи ҳозирин расонида, фаъолияти кумиҷроияро дар баргузории маъракаҳои муҳими сиёсӣ нек арзёбӣ намуд.

Раиси кумиҷроия Маликисломӣ Наим Мунаввар таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муҳим шуморида, аз роҳбарони ташкилотҳои ибтидоӣ даъват ба амал овард, ки онро дар сатҳи баланд ҷашн гиранд.

Бо тасдиқи қарорҳои дахлдор конференсия ба кори худ хотима бахшид.