Рӯи  кор  омадани барномаи нави комилан сиёсиву иҷтимоӣ – барномаи ваҳдату якдилӣ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, озоди баён демократикунони ҷомеъа, руш ва густариши ҳамкории гуногунҷабҳаи дӯстона-ҳама ин дастовардҳо сабаб шуда, ки Тоҷикистон чун давлати ягона соҳибистиқлолу дуняви мавриди эътироф қарор гирад.

Ҷоиз ба қайд аст, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳусни тадбир ва диди дурнигаронаи ҳадафҳо ба таҳаввулоти бунёдӣ дар сохтори иқтисод ва шуури иқтисодӣ ҷомеъа комёб гардид.

            Ҳамин сиёсати хирадмандонаву оқилонаи Сарвари давлат буд, ки ҷомеаро аз бӯҳрони амиқи сиёсӣ берун овард, бо роҳандозӣ ва татбиқи ислоҳоти конститутсонӣ ва поягузориву такмили ҳокимияти давлатӣ дар саросари кишвар низоми собит ва фазои мусоидро устувор намуд, ки он сарчашмаи ҳамаи бунёдкориҳо, тараққиёт ва сарсабзиҳои кишвари мост.

            Бо дарки ҳамин маъниҳо ва дар доираи таҷлили Рӯзи  Ваҳдат ва эҳёи миллии тоҷикикон, ки имсол 21-умин солгарди онро ҷашн хоҳем гирифт, ҷаласаи навбатии Шӯрои духтарони назди шӯъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд таҳти унвони “Андар ин олам ҳаёт аз ваҳдат аст!” баргузор гардид.

            Маҳсули ибтикорот ва раҳнамоии Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории кулли тоҷикон, пайкорҳои  барозандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлатдории миллӣ ва мақоми ҷаҳонии он аз масъалаҳое буданд, ки дар ҷаласаи мазкур мавриди баррасӣ ва ҳаллу фасл қарор дорда шуданд ва дар ҳақиқат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун марди оқил макон дар дилҳо гузидааст зеро тору пуд ва  маромаш ваҳдат аст:

Ваҳдати дил ваҳдати дилҳо бувад,

Марди оқилро макон дилҳо бувад.

Марди роҳе, ки маромаш ваҳдат аст,

Марди роҳи ваҳдати дилҳо бувад!