Вохӯрии номзадон ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои вилоятиву шаҳрии Маҷлиси вакилони халқ дар шаҳри Хуҷанд идома дорад.

Дар ҳавзаи интихоботии «Чорчироғ» №10 вохӯриву мулоқот бо ҷамъи беш аз 80 нафар сокинони маҳалла доир шуда,  шахсони боэътимоди номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ, номзад ба вакилии Маҷлиси вилоятии Маҷлиси вакилони халқ Шоира Бузкурукова, номзадон ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд Салимова Мадина Қодировна ва Шодиев Ҷаъфар аз зиндагинома ва барномаи пешазинтихоботии номзадон, ки дар асоси Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳия шуданд, суханронӣ намуданд.

Дар баромадҳо зикр шуданд, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳам овардани зиндагии шоиста, шунидани арзу ниёзҳои интихобкунанандагон ҷавҳари барномаҳои онҳоро ташкил медиҳанд.

Интихобкунандагони маҳалла аз номзадон мумфаршкунии кӯчаҳои маҳалла, азнавсозии чойхонаи маҳалларо бо ҷалби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва соҳибкорон тақозо намуданд.

 

 

.