Ҳайати кафедраи сиёсатшиносии факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии  баромади хоини Ватан, раиси ба ном Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ Илҳом Ёқубовро ки дар ҷаласаи САҲА дар шаҳри Варшава баргузор гардид якдилона маҳкум менамояд, зеро моҳияти баромади ў тўҳмат асту халос. Ў нафари ватанфурӯш, хоин  ва бозориест, ки даъвои “ватандорӣ” мекунад.

Аслан ҳаминро низ бояд илова кард, ки нуфузи ташкилоти байналмиллалии САҲА аллакай аз байн рафтааст ва боварии ҷомеаи муосир ва давлатҳои ҷаҳон низ нисбати ин ташилот хеле коҳиш ёфтааст. Исботи ин андешаҳо на танҳо ин воқеаҳо балки воқеаҳои давлати Украниа, Сурия, Афғонистон, Ливия низ шуда метавонанд.

Намояндагони баландпояи САҲА-ро зарур аст, пеш аз даъват намудани мухолифин ва ба ном “активистон”-ро ба Ҳамоиши ҳарсолинаи САҲА, ба монанди мошинҷаллоб Илҳом Ёқубов аввалан мақсади ўро муайян намоянд. Зеро мақсади ў танҳо иғво асту халос.

Дар баробари ин, аз баромади хоини Ватан бесаводии ў бечунучаро маълум мегардад. Андешаи комил дорем, ки баромадашро худи ў не балки хоҷагони манфиатдор омода намуда худи ин хоҷагон мисли гурбаи ночор аз пинҳонӣ нигоҳ ба орзуҳои ба ном «ширин»-ро доранд.

 Мо аҳли зиёи ҷомеа ба Шумо “муҳтарам” мухолифини беватан ва беимон муроҷиат карда мегӯем: Пеш аз оне, ки касеро, сохтореро, давлатеро муттаҳам ба гуноҳе созед, бояд андеша кунед, ки барои ин миллату давлат чӣ кардаед. Замоне, ки Пешвои муаззами миллатамон барои сулҳу ваҳдат мубориза мебурд, вақте ки барои баргардонидани гурезагони тоҷик чора меҷӯст, лаҳзаҳое, ки бо ҳидоятҳои созанда ва амалҳои бунёдкорона ба захмҳои ин миллат малҳам мешуд, куҷо будед? Аз дастатон чӣ меомад? Албатта, ки ғайри тӯҳмату бадгӯиву тафриқаандозӣ чизи дигар на. Барои ҳамин ҳам даъвоҳои шумо асосе ҳам надоранд, Тоҷикистон соҳиби фарзандони бонангу номус аст, ки ҳамеша баҳри ободии он ҷонннисор ҳастанд ва хоинони Ватанро ҳеҷ гоҳ намебахшанд.  

(Аҳли устодони кафедраи сиёсатшиносӣ:

Қобилова С.Я., Одинаев А., Яқубов Ҷ.К.,

Саидзода Ш.Ш., Улмасова М., Саидова М.А.,

Солихоҷаева С., Солиев Ш., Р.Мустафо)