Бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави кишвари азизамон корҳои ободониву созандагӣ бомаром идома дорад.

Субҳи имруз санаи 12 октябри соли 2019 бо ҷалби аъзоёни фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва  донишҷӯёни донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон  баҳри саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ дар гирду атрофи  донишгоҳ шанбегии гузаронида шуд.

Дар дигар ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд  минбаъд низ иқдоми мазкурро идома дода, барои ободу зебо гардидани гӯшаву хиёбонҳои шаҳр саҳми арзандаи худро мегузорад.