Тоҷикистон дар қатори садҳо давлатҳои мустақили ҷаҳон ҷойгир шуда, аъзои комилҳуқуқи созмони байналмилалӣ ва даҳҳо созмонҳои дигари ҷаҳонӣ мебошад. Дар давоми 25 соли мавҷудияташ ҳамчун як кишвари  озоди демократӣ, дунявӣ ва мустақил бо мазмуни том дар самтҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ҷаҳиши бузурге кардааст, ки ин натиҷаи меҳнатҳои халқи тоҷик таҳти Сарварии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Ба хамагон мусаллам аст, дар худуди Тоҷикистони сохибистиклол 8 хизби сиёсиӣ ба қайд гирифта шуда, амал мекарданд. Тамоми ҳизбҳо дар сарзамини мо баробарҳуқуқ буда,  ба ҳамаашон дар амалӣ кардани фаъолияти сиёсиашон имкониятҳои якхела фароҳам оварда шудааст. Ба ин нигоҳ накарда баъзеи онҳо аз чорчўбаи қонун берун баромадаанд ва ҳатто амалиётҳоеро ба амал баровардаанд, ки ба оромиву субот дар кишвар хатарҳо эҷод мекунанд.  Яке аз ин хизбҳо ин ҳизби назҳат мебошад. Чи сабаб шуду ин хизбро хамчун хизби сиёсӣ расман ба кайд гирифтанд, ё ин ки дар аввал мардуми точик ба таври кофӣ аз мохияти он бархурдор набуд, ки имрўз яқинан мардуми точик фаъолияти ХНИТ-ро дар худуди кишвар намехоханд. Зеро имрӯз мо дар асри 21 қарор дорем.

Асре, ки мардуми соҳибмаърифату донишманд ба пешрафтҳои нанотехнологӣ расиданду ҳамон қабатҳои замину осмонро, ки мо дар бораашон афсонахонӣ дорем, илман мекушоянду фатҳ кардан доранд. Муллоҳои мазҳабию ҳизбию лоҳизбии мо бошанд, фикру ёдашон дар ришмониу сатрпўшии занону духтарон буда, дигар ягон фикуру андешаи пешравии ватанро дар дил намепарваранд. Ва мехоҳанд, ки наврасону ҷавонон низ идомадиҳандаи ин «амали солеҳ»-и онҳо бошанд.

Гуноҳи азими онҳо буд, ки ҳоло садҳо шогирдони гумроҳи онҳо шаҳди ҳосили боғи «мурид»-иро дар «размгоҳ»-ҳои Сурия чашида истодаанд. Аллақай мо дида истодаем, ки аҳволи ин «муборизо» кадом ҳол аст. Гуфтан ҷоиз аст, ки дар асри 21 нодуруст паҳн кардани ғояҳои исломӣ ва мубориза таҳти он ин гумроҳӣ  ба натиҷаи дилҳоҳ намеорад. Ин роҳ танҳо ба самти ҷаҳолату торикист.

Роҳбарони ин ҳизб танҳо дар фикри ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ мебошанд, вале наметавонанд барномаи иқтисодӣ ва сиёсии худро ба халқ пешниҳод намоянд. Мумкин аст баъзе фикру ақидаҳои пойдарҳавои онҳо  як гурўҳи муайянро гумроҳ намуда, аз паси онҳо раванд, лекин ин роҳ сарбаста аст ва охири он торик мебошад.  Дар ҳоли ҳозир бошад, дар даврае, ки ҷаҳон торафт дар торҳои партофтаи нақшаҳои глобалии абарқудратҳо печидан дорад, қарзи ҳар як фарди миллатпарасту ватандӯст яктост: роҳ надодани ғояҳо ва андешаҳои бегона ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мо ва махкум намудани терроризму экстремизм.

Мо хуб медонем, ки дар шароити имрўза дар Ватани азизи мо- Точикистони ғайр аз ҳизбҳои сиёсӣ, инчунин гурўху харакатхои ифротгарое низ хастанд, ки фаъолияташон тавассути баъзе аз ин хизбҳо ба рох монда шуда, худ паси парда назорат мекунанд. Баъзе хизбхои сиёсӣ бошанд, дар навбати худ фирефтаи ваъдаҳои пучу бемаънӣ ва маблағи муфти ин гуна ташкилоту ҳаракатҳои террористӣ гардида, дар бораи мақсаду мароми ҳизбиашон, манфиатҳои миллӣ, арзишҳои халқ, аз ҳама муҳимаш тинҷиву амонӣ ва ҳаёти ширини мардуми азияткашидаи диёр фаромўш месозанд. ҲНИТ мисоли гуфтаҳои болост. Агар дар аввали фаъолияташ ин ҳизб диққати мардумро бо рафтору кирдорҳои номатлубаш наонқадар ҷалб карда бошад, алҳол роҳбарияти он бо максади амалӣ намудани максадҳои нопокашон аллақай ба таври ошкоро фаъолияти зиддидавлатӣ бурда истодаанд.

Чуноне, ки мо худ мушохида мекунем, вактҳои охир бо шарофати расонаҳои алтернативие чун интернет, баъзе паҳлўҳои фаъолияти сиёҳи ҲНИТ ва роҳбари он ошкор мегардад. Барои ҲНИТ ва ҳамсангаронаш муҳим нест, ки бо инқилобхоҳиашон мардумро ба чӣ вазъи ногувор гирифтор мекунанд. Муҳим он аст, ки қудрати сиёсиро ба даст оранд.

Оё онҳо як бор аз худ мепурсанд, ки бо чунин роҳ ба ҳукумат расидан чӣ паёмадҳое дар пай хоҳад дошт? Оё фикр намекунанд, ки кишвари худро ба коми ҷангҳои беохир мекашанд ва тақдири Мисру Ливия ва Сурияву Украинаро ба сари миллати худ меоранд? Боке нест, ягон вақт ин тоифа ба худ ояд ва   як хулосаи даркории худашонро оиди даст кашидан аз ҳизб ва ё умуман пош додани он бароранд.

Онхо бояд ҳис намоянд, ки дар ҳақиқат ин ҷо ягон гап ҳаст, яъне мардум ҳамту ба рафти фаъолияти имрўзаи ҲНИТ беҳуда таваҷҷўҳ зоҳир накарда истодааст. Мардум дигар тарафдори терроризму экстремизм нест, дигар ҷангу хунрезӣ намехоҳад.

Шерматов Ш.М., Ҳасанов М.