Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар ташкилоти ибтидоии “Маркази Тоҷикстандарт” дар вилояти Суғд бо иштироки кормандони коргоҳ бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур сардори дафтари матбуоти Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва назорати савдои вилояти Суғд  Махкамбой Каримов баромад намуда, доир ба мазмуну муҳтавои Паёми Президенти мамлакат суханронӣ намуд.

Дар ҷамбаст аз нишастагон даъват ба амал оварда шуд, ки Паёми Пешвои миллатро ҳамчун дастури корӣ истифода бурда, барои рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ саҳмгузор бошанд.