Бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳои якҷояи Вазорати корҳои дохилӣ, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва пешгирии ҷинояткориву ҳуқуқвайронкунӣ дар толори Раёсати Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров вохӯрӣ доир гардид, ки дар он сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД полковники милитсия Фаттозода А.А., сардори Маркази матбуоти ВКД полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар, муовини ректори ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Рухсора Давлатзода, ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Авангард» ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.

Муовини ректори донишгоҳ Рухсора Давлатзода бо сухани ифтитоҳӣ ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки чунин робитаву ҳамкорӣ ҷавононро ба сӯйи созандагиву бунёдкорӣ ҷалб менамояд.

Меҳмонони чорабинӣ зимни суханронӣ сатҳи ҷинояткорӣ ва дигар ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ҷавононро шарҳ дода, иброз доштанд, ки хеле тассуфовар аст, вақте ки бархе ҷавонон ҷойи омӯхтани илму ирфон, донишу маърифат ба ҷиноят ва ҳуқуқвайронкунӣ даст мезананд.

Баромадкунандагон аз таваҷҷӯҳи ҳамешагии роҳбарияти давлат ба соҳаи маориф ёдовар гардида, зикр карданд, ки давлату миллат ба ҷавонон ба ин нерӯи созанда ва ояндаи давлату миллат боварии комил доранд.

Дар анҷоми чорабинӣ аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба як қатор фаъолони ҷомеа ва ифтихорномаҳои фахрӣ тақдим карда шуд.