Ба диёри зебоманзари мо боз баҳор омад. Иди Наврӯз, Иди бедории табиати афсункор, иди оғози кишту кори баҳорӣ, Иде, ки беҳтарин расму оинҳои халқи моро дар худ таҷассум кардааст. Воқеан, имрӯзҳо аз саросари Тоҷикистон, аз оғўши кўҳсорон ва водиҳои сарсабзу хуррам, аз ҳар дару девори сарзамини мо навиди ҷашни фархундаву шукўҳманди Наврўз ба гўш мерасад. Навои рўҳпарвару тарабангези Наврўз бо навои дарёҳову чашмаҳои хурўшон, бо табиати эҳёшуда, бо таърихи пурифтихор, адабу фарҳанги пурғановат ва ҳаёти пурхурӯши мо ҳамсадо гардида, Тоҷикистони соҳибистиқлолро дуруд мегӯяд. Бахшида ба иди байналмиллалии Наврӯзи Аҷам Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Кумитаи иҷроияи Марказию вилоятии ҲХДТ ва мақамоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар қисми низомии 35-01, ки дар миқёси шаҳри Хуҷанд воқеъ аст чорабинии наврӯзӣ баргузор намуд, ки дар он Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини сардори Раёсати Вазорати корҳои Дохилӣ дар вилояти Суғд Баҳодур Ваҳобзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ширкат варзида, афсарону сарбозонро ба муносибати иди «наврӯзи Аҷам» табрику муборакбод намуданд. Дар ҷорабинӣ пухтани суманак, дастахони идона ташкил карда шуда, баҳри болидахотирии афсарону сарбозон барномаи консертӣ намоиш дода шуд. Инҷуинин, бозиҳои миллӣ дар байни сарбозон барпо карда шуд ва иштирокчиён бо тӯҳфаҳои хотиравии кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд сарфароз гардиданд.