Имрӯзҳо дар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ бахшида ба рӯзи таваллуди шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино ва иди касбии кормандони соҳа чорабиниҳои ҷашнӣ доир шуда истодаанд. Дар  онҳо намояндагони Кумитаи иҷраияи ҳизбии шаҳри Хуҷанд низ иштирок намуда, дар баробари табрику муборакбод гуфтани соҳибҷашнҳо маъракаи қабули аъзои нав ва қадршиносии фаъолони ҳизбиро ба роҳ монда истодаанд.

     Аз ҷумла, рӯзи 16 август дар чорабиниҳои идонаи ташкилоти ибтидоии Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар, ташкилотҳои ибтидоии Маркази хун ва Беморхонаи клиникавии бачагона муовини раиси кумиҷроия Ӯрунбоева Муҳаббат Холиқҷоновна иштирок ва суханронӣ намуданд.

     Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки кормандони соҳаи тандурустӣ аз ҷумлаи аъзоён ва алоқамандони фаъоли  ҳизб мебошанд ва бо шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сулҳу ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва озодию соҳибихтиёрӣ  дар татбиқи ҳадафҳои оинномавию барномавии ҲХДТ саҳми назаррас мегузоранд. Дар баромадҳо таъкид гардид, ки бо ҳидоят ва раҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат солҳои охир таваҷҷуҳ ба соҳа афзуда, бо роҳандозии чандин барномаҳо сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  бо мақсади дастрасии мардум ба хизматрасонии сифатноки тиббӣ такмили низоми идоракунии соҳаи тандурустиро муҳим шуморида, ҷорӣ намудани рақобати солим, ташаккули низоми муосири хизматрасонӣ бо истифода аз технологияҳои замонавӣ ва тайёр кардани мутахассисони соҳибкасби соҳаро аз ҷумлаи иқдомоти зарурӣ медонад. 

Дар идомаи ҷаласаи тантанавӣ барои иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва пешбурди фаъолияти ҳизбӣ ба раиси ташкилоти ибтидоии Беморхонаи клиникавии вилоятӣ нишони ҷашнӣ, ба як гурӯҳ ҳизбиёни дигар Ифтихорномаю Сипосномаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.