Тантанаҳои омодагӣ ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар ҳамаи муассисаҳову ташкилотҳо идома дорад. Субҳи имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд чорабинии идона доир гардид. Дар чорабинии идона раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд  Маликисломӣ Наим Мунаввар иштирок ва суханронӣ намуданд.

Наим Маликисломӣ зимни баромади хеш аз нақши коркунони соҳаи энергетика дар рушду нумӯи энергетикаи кишвар ҳарф зада, аз ҷумла баён дошт, ки ба шарофати роҳандоз шудани яке аз ҳадафҳои стратегиии кишвар – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ имрӯз дар ҳама гӯшаву канори мамлакат барқ мавҷуд аст. Алҳол пешорӯи давлат ва Ҳукумати кишвар сохтмони азими аср – бунёди неругоҳи Роғун меистад, ки дар сурати ба истифода додани он мамлакати мо ба кишвари азизи интиқолдиҳандаи барқ мубаддал мегардад.

Раиси кумиҷроия аз фаъолияти бомароми ҳизбиёни коргоҳи шабакаҳои барқии шаҳр изҳори хушнудӣ намуда, афзуд, ки ташкилоти мазкур дар ҳама ҷорабиниҳои ҳизбӣ фаъолнокӣ зоҳир менамояд.

Дар вазъияти тантнавӣ ду нафар аъзои фаъоли ҳизб, ки дар истеҳсолот низ пешсаф ҳастанд бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд сарфароз гардонида шуданд.