Дар беморхонаи ҷумҳуриявии физиотерапевтии ба номи А.Нурматов ҷаласаи ҷамъбастии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Тавонбахш” баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов ширкат варзид.

Дар ҷаласа нахуст ҳисоботи солонаи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ шунида шуда, вобаста ба пешбурди минбаъдаи фаъолият қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Раиси кумиҷроияи шаҳрӣ зимни баромади худ оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва иҷрои саривақтии дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи ҳадафҳои Оинномавию Барномавии ҳизб тавсияву роҳнамоии мушаххас пешниҳод намуд.

Сипас, аз ҷониби аъзои гурӯҳи тарѓиботии кумиҷроия, дотсент Зеварой Бобоева нуктаҳои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳу эзоҳ дода шуда, таъкид гардид, ки Пешвои миллат ба соҳаи тандурустӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, ҳамеша дастгирӣ мекунанд. Ин ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат моро водор мекунад, ки баҳри  ободониву бунёкорӣ ва пешрафту тараққиёти Тоҷикистони соҳибистиқлоламон саҳми босазои хешро гузошта бошем.