Тибқи дастуру супоришҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои вазифагузориҳои муовини якуми Раиси ҲХДТ Сафар Сафаров, ки дар маҷлиси ҷамъбастии курсҳои такмили ихтисоси раисони кумиҷроияҳои ҲХДТ санаи 15 майи соли ҷорӣ баёндошта ва ба ифтихори 23-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20-солагии қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20-солагии таъсисёбии ҲХДТ рӯзи гузашта муаррифии сомонаи Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд доир гардид.

Сомонаи мазкур азм дорад, ки минбаъд аз ҳаёти ҳизбиёни шаҳр, пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар хабару маълумот таҳия намуда, манзури истифодабарандагон қарор диҳад. Дар маросими муаррифии сомонаи www.hhdt-khujand.tj Раиси кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ Сарфароз Юнусов иштирок ва баромад намуд.