Ҳамасола санаи 4-уми июн дар ҷумҳурӣ иди касбии кормандони соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ баргузор мегардад.

Бахшида ба иди касбии кормандони соҳа имрӯз 4 -уми июн дар Корхонаи воҳиди давлатии «Автобазаи махсуси санитарӣ»-и шаҳри Хуҷанд маҷлиси тантанавӣ доир гардид.

Дар чорабинии мазкур Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар ширкат варзида, кормандони соҳаро ба муносибати иди касбиашон табрику муборакбод намуда, ба фаъолони ҲХДТ ифтихорномаву сипоснома ва тӯҳфаҳои Кумиҷроияи шаҳриро тақдим намуд.