Бахшида ба яке аз ҷашнҳои муҳими кишвар рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Наим Маликисломов ва кормандони кумиҷроия аз ҳолу аҳволи иштирокҷиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, падару модарони онҳое, ки дар давраи хизмати ҳарбӣ ҳалок ва беному нишон гардидаанд, пурсон гардида, табрикоти роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Марказӣ ва Кумитаи иҷроияи Вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро расониданд ва ба онҳо кӯмакҳои хайриявӣ намуданд.