Ҳамасола омӯзгорону муҳассилини муассисаҳои таълимӣ бо рӯҳияи баланд соли нави таҳсилро пешвоз мегиранд.

Имсол низ ҷомеаи меҳнатии муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд дар радифи тамоми мардуми сарбаланди кишварамон, Рӯзи донишро дар фазои рӯҳбаландии беназир аз дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, аз дастовардҳои хурсандибахши Ватани азизамон дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, омодагии саросарӣ ба ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил намуданд.

Чун ҳамешагӣ 1 сентябр - Рӯзи дониш дар Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров оғоз ёфта, ҷамъомадӣ тантанавӣ доир карда шуд, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар табрикоти Раиси шаҳри Хуҷандро қироат намуда, ҳайати омӯзгорону кормандон ва кулли муҳассилинро бо оғози соли нави таҳсил ва ҷашни 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуд.