Дар маҷлисгоҳи МТД “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд” бо иштироки аъзоёни кумиҷроия, собиқадорони ҳизб, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ҷаласаи Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд оид ба ҷамъбасти фаъолияти корӣ дар нӯҳ моҳи соли равон баргузор гардид. Дар кори ҷаласа мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи кумиҷроияи вилоятӣ Муртиба Бобоҷрнова ширкат дошт.

Пас аз тасдиқи рӯзнома, ҳайати котибот ва регламенти кории ҷаласа Раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар доир ба ҷамъбасти фаъолияти нӯҳмоҳаи кумиҷроия дар назди ҳозирин гузориш дод. Мавсуф зимни баромади хеш оид ба раванди интихобот ба Маҷлиси намояндагону Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ҷараёни ташвиқу тарғиби бандҳои паём байни мардум, ҷалби аъзои нав ба сафи ҳизб ва дар ин замина танзими аъзо, тадбирҳои кумиҷроия ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани ҷашнҳои миллии кишвар, мубориза ва пешгирӣ дар мавриди коҳиш додани бемории ҳамагири КОВИД – 19, рафти қабули шаҳрвандон тавассути қабулгоҳи ҷамъиятӣ, омодагӣ ва дар сатҳи баланд баргузор намудани маъракаи муҳими сиёсии интихоботи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфт. Аз ҷумла таъкид гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ 561 нафар шахсони арзанда ба сафи ҳизб ҷалб шуда, айни замон шумораи ҳизбиён дар миқёси шаҳри Хуҷанд ба 18 ҳазору 320 нафар расидааст ва аз ин шумора 11 ҳазору 645 нафарро занон ва 8 ҳазору 229 нафарро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҳизбиёни шаҳри Хуҷанд дар 5 кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ ва 234 адад ташккилотҳои ибтидоӣ сарҷамъ шудаанд. Аз шумораи умумии аъзои ҳизб 624 нафар номзадҳои илм ва 74 нафарро докторону профессорон ташкил медиҳанд.

Аз рӯи масъалаи дуюми кори рӯзнома - натиҷагирӣ аз фаъолияти Ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини раиси кумиҷроия Муҳаббат Ӯрунбоева суханронӣ намуда, баён дошт, ки дар ҳошияи омодагӣ ба интихобот дар вохӯриву мулоқотҳо, зимни баргузории аксияҳо 2 ҳазору 520 адад варақаҳои Кумитаи иҷроияи Марказии ҳизб, 30 ҳазор варақаи раҳнамоии кумиҷроияи шаҳрӣ ба сокинон тақсим карда шуд. Як ҷиҳати фарқкунандаи раванди таблиғот он буд, ки шуъбаи кор бо ҷавонони кумиҷроияи шаҳрӣ, ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва ҷавонони фаъоли Кумитаи иҷроияи ибтидоии ба номи Бобоҷон Ғафуров ин ташкили флешмоб бо акси номзад дар коргоҳҳо бо чеҳраҳои маъруфи шаҳру вилоят буда, зимни як семинар – машварат ҷавонони фаъол барои боз ҳам густурдатар намудани раванди таблиғоту ташвиқот дастурҳо гирифтанд.

Музокирачиён Муҳайё Акмалхӯҷаева, раиси кумитаи иҷроияи ибтидоии “Истиқлол”, Сӯҳроб Ҷалолов, аъзои фаъоли созмони ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и кумитаи иҷроияи ибтидоии “Сомон”, Ҳоҷарой Латифӣ, раиси ташкилоти ибтидоии идораи роҳи вилоят ва Таҳмина Усмонова, раиси ташкилоти ибтидоии Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд зимни баромадҳои худ аз фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ дар мавриди тақвият ёфтани фаъолияти ҳизбӣ, мубориза ҷиҳати коҳиш додани бемории сироятии Ковид – 19 сухан рондан.

Намояндаи кумиҷроияи вилоятӣ Мутриба Бобоҷонов дар баромади хеш дар баробари зикри дастовардҳо ҳамзамон ҷиҳати афзун намудани шумора ва танзими аъзоён, қабули обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ ва тақвияти фаъолияти гурӯҳҳои тарғиботию ташвиқотӣ дастуру ҳидоятҳо дод.

Дар идомаи кори ҷаласа ҳозирин фармоишҳои раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар давраи семоҳаи сеюми соли 2020 ва қарорҳои маҷлиси Раёсати кумиҷроияи шаҳрӣ оид ба қабул, қатъ ва ҳаракати аъзои ҳизбро тасдиқ намуданд.

Дар фуроварди кори ҷаласа ба якчанд нафар фаъолон, ки дар маъракаи пешазинтихоботӣ дар ташвиқу тарғиби бандҳои Барномаи номзад аз ҲХДТ саҳми бештар гузоштанд, дар вазъияти тантанавӣ сипоснома ва тӯҳфаҳо тақдим карда шуд.