Амалӣ сохтани Барномаи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва ноил гардидан ба иҷрои Ҳадафҳои рушди ҳазорсола, ки имрўҳо дар кишварамон мавриди тадбиқ қарор доранд, яке аз бахшҳои таркибии сиёсати иҷтимоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки некуаҳолии инсонро дар сархати сиёсати хеш қарор додаст, мебошад.

Бо мақсади татбиқи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷиҳати амалӣ сохтани ҳадафҳои Барномаи ҲХДТ дар самти дастгирии оилаҳои ниёзманд, маъюбон, собиқадорони ҷангу меҳнат бахшида ба таҷлили иди саиди Рамазон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар якҷоягӣ бо ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд» якчанд оилаҳо аёдат карда шуда, ба онҳо маводҳои хӯрока дастрас гардиданд.

Дар ин аёдат намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аёдатшудагонро аз номи роҳбарияти ҲХДТ ба муносибати фарорасии иди саиди фитр табрику муборакбод намуд.