Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тибқи супоришҳои Кумитаи иҷроияи Марказию вилоятии ҳизб ва дар асоси нақшаи чорабиниҳои кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади огоҳӣ пайдо намудан аз шароити зиндагии собиқадорони меҳнат ва модароне, ки дар барқарор кардани сохти конститутсионӣ фарзандони худро аз даст додаанд, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар бахшида ба 26-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯриҳоро доир намуд  ва ба аёдатшудагон маводҳои хӯрока дастрас гардиданд.

Зимни вохӯрӣ Раиси кумиҷроия аёдатшудагонро ба муносибати фарорасии ҷашни 26-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Чумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, аз ҳизмат шоёну шостаи онҳо дар рушду нумӯи кишвари соҳибистиқлоламон ёдоварӣ кард. Дар навбати худ собиқадорони меҳнат аз чунин ғамхориҳои давлату Ҳукумат ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуданд.