16 – уми декабри соли 2017 дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Истиқлол» - и ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд маҳфил дар мавзӯи «Оилаи ман – ояндаи дурахшони ман» бо иштироки хонандагони синфҳои 10 ва 11 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и шаҳр гузаронида шуд.

Хонандагон бо композитсияи адабӣ, саҳначаҳо дар бораи оила. шеъру сурудҳо дар васфи падару модар хонда ба маҳфил таровати нав бахшиданд.

Муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Истиқлол» - и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Атаева Ҳамрохон Наимовна дар пояи давлат будани оила, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», дар бораи ҷавҳари хушбахтии оила ва тарбияи фарзандон, дар бораи муносибати меҳрубонии аҳли оила, якдигарфаҳмию меҳру муҳаббат, садоқату вафодорӣ босабрию ботамкинӣ суханронӣ намуд.