Ташвиқу тарғиби бандҳои Барномаи пешазинтихоботии номзад ба маснади Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар байни аҳолӣ вусъати тоза касб мекунад. Чунончи дар асоси нақша – чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд нимаи дуюми рӯзи гузашта мудирони шӯъбаи кор бо  ҷавонон, занон ва шуъбаи ташкилӣ ин ниҳоди ҷамъиятӣ дар истгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд бо мусофирону ронадагон сӯҳбати озоду шаффоф доир намуда, зимни мулоқот аз дастовардҳои азими даврони соҳибистиқлолӣ, ки таҳти роҳнамоии Пешвои муаззами миллат рӯйи кор омад сухан гуфта шуд.

Ҳамзамон дар рафти чорабинӣ бандҳои Барномаи пешазинтихоботии номзад ба маснади президентӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ карда шуда, шиору плакатҳо ва брошураҳо тақсим карда шуд.   Аксари иштирокчиён омодагии худро ба интихобот изҳор дошта, баён намуданд, ки ба ҷонибдории номзади арзанда овоз хоҳанд дод.