Санаи 09.02.2018 тибқи накша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар шаҳри Хуҷанд  баҳри  созандагию ободкори бахшида ба сазовор  ҷашн  гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон бо иштироки ҷавонони маҳалла шанбеги гузаронида шуд. Дар шанбегии мазкур  бошандагони маҳаллаи «Ҷаббор Расулов» ҷомеаи омӯзгорону хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 ширкат намуданд. Иштирокдорони  ин ҳашари умумимаҳаллагӣ ҳудуди маҳалларо аз партовҳо тоза карда, баҳри ободии маҳалла саҳми худро гузоштанд.